Шоири шинохтаи ӯзбек Юлчӣ Рӯзиев, Юлдуз Усмоноваи 57-сола, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва шавҳари ӯро ба ваъдахилофӣ айбдор кардааст.
Дар ин бора хабаргузории “UPL 24” иттилоъ медиҳад. Таронаи “Xasta bo'lma” яке аз машҳуртарин ва сербинандатарин сурудҳои Усмонова ба ҳисоб меравад.
Онро дар шабакаи YouTube зиёда аз 30 миллион нафар тамошо кардаанд. Матни суруди мазкур ба қалами Юлчӣ Рӯзиев тааллуқ дошта, шоир дар яке аз суҳбатҳояш гуфтааст, ки бо гузашти чандин сол, то кунун аз овозхон барои ин шеъраш ҳаққи қалам нагирифтааст. Ба гуфтаи Рӯзиев, Усмонова ва шавҳараш ваъда дода будаанд, ки барои нашри маҷмӯаи шеърҳояш ба шоир аз ҷиҳати молиявӣ кӯмак мекунанд, аммо бо гузашти се сол, онҳо ба ваъдааш вафо накардаанд. Китоби шеърҳои Юлчӣ Рӯзиев бо арзиши 20 миллион сӯм (зиёда аз 21 ҳазор сомонӣ) дар ҳаҷми 500 саҳифа бояд ба табъ расад.
Шоир чандин маротиба кӯшиш кардааст, ки бо овозхон ва шавҳараш дар ин бора гуфтугӯ кунад, вале онҳо аз суҳбат худдорӣ кардаанд. Рӯзиев умедвор аст, ки баъди нашри ин хабар дар расонаҳои Ӯзбекистон, Усмонова ба ваъдааш вафо мекунад. Юлдуз Усмонова яке аз баҳсбарангезтарин овозхонҳои ӯзбек буда, номаш дар васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ зуд-зуд расонаӣ мешавад.