Дар баъзе нуқтаҳои шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон ярмаркаҳoи фурӯши маҳсулотихӯрока ташкил карда шудаанд, ки нархи маҳсулот дар он нисбати ба бозорҳо нисбатан арзонтар мебошад.
Ярмаркаҳои маҳсулоти арзон бахшидаба Иди Наврӯз аз 16 то 20-уми март ва ба муносибати Иди Рамазон аз 25 то 30-уми март идома хоҳанд ёфт.
Тавре ки аз ҳукумати шаҳрхабар додаанд, ярмаркаҳои маҳсулоти арзон дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат”, дар Қарияи боло дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино ва боғи Куруши Кабир баргузор мегарданд.
Сокинони пойтахт метавонанд маводи ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, донагӣ вамаваю сабзавотро аз ин ярмаркаҳо бонархи нисбатан арзон харидорӣ намоянд. Дар ярмаркаи назди
боғи "Курӯши Кабир" 1 кг гӯшт 60 сомонӣ, картошка 4,5 сомонӣ, себ 4-10 сомонӣ аст.