Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мақсади ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал, дар арафаи таҷлили Иди Қурбон ярмаркаи маҳсулоти хурокворӣ ташкил карда шудааст.
Аз ҷумла, нуқтаҳои баргузории ярмарка дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ дар бозори "Меҳргон", ноҳияи Шоҳмансур-боғи "Куруши Кабир", ноҳияи Фирдавсӣ ҶДММ "Бозори Саховат" ва ноҳияи Сино дар Маркази савдои "Шому саҳар" ҷойгир мебошанд.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки барои харид намудани маҳсулоти ниёзи худ ба нуқтаҳои ярмарка ташриф оранд, зеро нархи маҳсулот нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шудааст.