Япония барои соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор доллар ҷудо кард
Япония барои амалӣ намудани ду лоиҳа дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон 302,2 ҳазор доллар грант ҷудо кардааст.
Созишномаро дар бораи дарёфти кумакҳои молӣ рӯзи 13 ноябр сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва мақомоти кишвар ба имзо расонидаанд. Гуфта мешавад, ки маблағи мазкур дар доираи Барномаи кумаки бебозгашт барои ниёзҳои аҳолӣ (GGP) ҷудо шудааст.
Аз ҷумла барои сохтмони бинои нави мактаби №38 дар деҳаи Дарнайчии ноҳияи Восеъ 144,6 ҳазор доллар ҷудо шуда, 157,6 ҳазор доллари дигар барои сохтмони бинои нави бемористони ҷамоати Савноби ноҳияи Рӯшон сарф мешавад.
Кейко Фурута, сафири Ҷопон дар маросими имзои созишномаҳо таъкид кардааст, ки Ҷопон минбаъд низ Тоҷикистонро дар соҳаҳои дорои авлавият, пеш аз ҳама маориф ва тандурустӣ дастгирӣ хоҳад кард.