Arzon march 2024
ЯНГАВУ ҚАЙСИНГУЛ Ё САГУ ГУРБА?
06.10.2020
Р. Азимӣ
4555

 

Як бегоҳ аз кор баргашта ҳамсоязанро дар истгоҳ гирёну нолон дидам. Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту сабаби гиряашро пурсон шудам. Алами Васлия бештар рӯ зад ва ҳунгосзанон гириста гуфт:

-Рустамҷон, худат феълу рафтори шавҳари маро медонӣ. Худозада ҳар рӯз масту аласт омада ҷонамро ба лабам мерасонад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, боз хоҳараш талоқ гирифта ба хонаи мо омад. Беваи қайсингилам аз рӯзи омаданаш маро чашми дидан надорад. Имрӯз ҳам ягон хабаркашӣ карда бародарашро ба муқобили ман шӯронд, ки шавҳарам маро зада-зада аз дар берун кард. Дар ин бевақтӣ ман чӣ хел ба хонаи падарам, ба Файзобод меравам?!

Саргарми суҳбат будем, ки хоҳаршӯяш Парвина пайдо шуд ва ба Васила дарафтода дод зад:

-Ту ҳоло ҳам дар ҳамин ҷоӣ, саги бесоҳиб?!

Янгаю қайсингил ба ҳамдигар дарафтода кӯчаро бо дашному ҳақоратҳои болохонадор ба сарашон бардоштанд. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонистам. Хайрият, ки боз чанд ҳамсоя ба байн даромада, Василаро аз чанголи хоҳаршӯяш халос карданд. Қайсингилаш ҳамчунон дашном дода ба хонаашон рафту ман ҷавонзани бечораро ба истгоҳ бурда ба мошине, ки ба самти Файзобод мерафт, шинондам ва роҳкирояшро дода баргаштам. Саҳар шавҳари Васила ҳушёр шуда ба хонаи мо омад ва куҷо рафтани занашро пурсон шуд. Гуфтам, ки ӯро дар хонаи падараш ҷӯяд. Зориву тавалло намуд, ки ҳамроҳаш равам, чунки хусураш марди тақводор аст ва боз шароб нӯшидани ӯро фаҳмида духтарашро омадан намемонад. Дар наздаш шарт гузошта гуфтам:

-Майлаш, ин даъфа ҳамроҳатон меравам, вале як бори дигар шароб нӯшида чунин номаъқулӣ кунед, худам янгаро бурда дар хонаи падараш мемонам ва барояш ягон шавҳари зӯр ёфта медиҳам!

Қасам хӯрд, ки дигар шаробро ба лабаш ҳам намебарад. Се рӯз рафторашро мушоҳида карда дидам, ки ба қавлаш устувор аст, рӯзи чорум ҳамроҳаш ба Файзобод рафта ҳамсарашро овардам. Акнун онҳо зиндагии орому осуда доранд. Муносибати Васила натанҳо бо шавҳараш, балки бо хоҳаршӯяш ҳам пурмуҳаббат гаштааст. Дугонаҳои ҷонӣ шудани онҳоро дида худ ба худ мегӯям:

-Янгаю қайсингилро сагу пишак мегӯянд, лекин дӯст мешудаанд-да!

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД