Sebiston new 2024 october
"ЯКТА АЙ МИЛЛИОН" - И ЗУЛАЙХО КӢ БОШАД?
2184

 

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони 27-солаи тоҷик, ҳафтаи гузашта клиптаронаи ҷадиду дидании худро нашр намуд, ки дар шаҳри таърихии Петраи Шоҳигарии Урдун (Иорданское Королевство) сабт шудааст. Суруд “Якта ай миллион” ном гирифта, оҳангаш моли шоири тоҷики муқимии Амрико Наргис Шарифзода (Пареш) мебошад.

Пироҳанҳои зебо ва ороиши рӯю мӯи овозхонро тарроҳи шинохтаи ӯзбек Лидия Андре таҳия кардааст. Клиптаронаро аз замони нашраш то кунун дар саҳифаи “Zulaykho Mahmadshoeva” дар шабакаи YouTube зиёда аз 140 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Баъзеҳо овозхонро барои сару либосаш танқид карда бошанд ҳам, бархеи дигар аз ӯ ҷонибдорӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД