Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад.
Ин ҷашн бо мақсади иҷрои банди 20-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.
Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд доир намудани ин ҷашн муваззаф гардидаанд.