Formula novemver 2024
Яхмос ва кондитсионер кӯдаконро ба кадом бемориҳо гирифтор месозанд?
795

Барои дар гармо каме ҳам бошад, ҷисми худро салқин кардан кӯдакон дар фасли тобистон тез-тез яхмос мехӯранд ва обҳои сард менӯшанд.

Ба болои ин оббозӣ дар оби сард ва дароз кашидан дар зери шамоли кондитсионер зам шуда, боиси ба гулӯдард, гӯшдард ё шамолкашии бинӣ ва роҳҳои нафас гирифтор шудани кӯдакон гашта метавонад. Маҳз бо ҳамин сабаб дар фасли тобистон ангина, отит, фарингит, синусит ва дигар бемориҳои роҳҳои болоии нафас авҷ мегиранд.

Барои пешгирии ин бемориҳо чӣ бояд кард?

Хоҳед, ки фарзанди шумо солим бошад ва дар фасли тобистон мушкилот эҷод накунад, ба чӣ хӯрдану чи нӯшидан ва чӣ кор карданаш диққати ҷиддӣ диҳед. Барои он ки кӯдакон ташнагии худро шикаста тавонанд, ба ҷойи яхмос ва обҳои газнок ба онҳо компоти мевагӣ диҳед. Ин нӯшокӣ комилан безарар буда, барои саломатӣ манфиатҳои зиёде дорад.

Фаромӯш накунед, ки ба ҳеҷ ваҷҳ кӯдакон набояд дар зери шамоли кондитсионер хоб раванд-ин амал метавонад боиси шамолкашии шуш ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими кӯдак гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД