Яхмос бо 3 маҳсулот
Маҳсулоти лозима:
1 литр – шир
200 грам – шакар
1,5 қошуқ – салеп
Салеп чист? Салеп дар шакли орд дар мағозаҳо фурухта мешавад. Мақсади истифода кардани салеп дар яхмос ин аст, ки шири шакардорро ғафс мекунад. Ях, ки шуд яхмос мешавад.
Тарзи таҳия:
Дар зарфе 1 литр шир, 1 стакон шакар ва 1,5 қошуқ салеп андохта, омехта мекунем ва дар болои оташи паст 10 дақиқа беист мекобем. Пас аз ин зарфро аз болои оташ мегирем ва моеи дохилашро дар зарфи шишагин гирифта, мемонем то ки ширгарм шавад. Пас аз ин яхмоси нимтайёрро 2 соат дар яхдон нигоҳ медорем, баъдан аз яхдон гирифта, омехта ва блендер мекунему боз ва 2 соати дигар дар яхдон мегузорем. Дафъаи 3 – юм боз 2 дақиқа блендер карда, 3 соат дар яхдон нигоҳ медорем. Дафъаи 4 –ум 3 дақиқа блендер мекунем ва 5 соат дар яхдон мегузорем. Бо ҳамин яхмоси мо тайёр мешавад.
Яхмоси мевагӣ
Маҳсулоти лозима:
5 дона – банан
10 дона – қулфинай
3қошуқ – шир
3 қошуқ – асал
1 қошуқча – какао
Тарзи таҳия:
Бананҳо ва қулфинайро дар яхдон то ях карданаш нигоҳ медорем. Бананро ба 3 қисм тақсим мекунем ва дар 3 намуд яхмос истифода мебарем.
1. Аввал бананҳоро реза карда дар зарф мегирем ва дар яхдон мегузорем, то ки ях кунанд. Баъдан як қисми бананҳоро дар блендер мегирем ва 1 қошуқ шири хунуку 1 қошуқ асал илова карда, блендер мекунем.
2. Қулфинайро дар яхдон мемонем, то ки ях кунад. Ба блендер қисме аз бананҳоро меандозем ва аз болояш қулфинай рехта, 1 қошуқ шир ва 1 қошуқ асал илова менамоему блендер мекунем. Ин яхмосро низ дар зарф мегирем.
3. Дафъаи сеюм ба меваҳо 1 қошуқ шир, 1 қошуқ асал ва 1 қошуқ какао илова карда, блендер мекунем. Дар зарф мегирем ва мувофиқи табъи худ аз болояшон писта ё шоколад мепошем.
Яхмоси хонагӣ бо тарбуз
Маҳсулоти лозима:
1 литр – шир
200 грам – оби тарбуз
200 грам - шакар
Тарзи таҳия:
Тарбузро реза карда блендер мекунем, баъд аз элак мегузаронем ва обашро мегирем. Дар зарф 1 литр шир, 1 стакон шакар ва оби тарбузро андохта, омехта мекунем, баъд дар болои оташи паст гузошта, беист мекобем. Он бояд 1,5 – 2 соат дар оташи паст ҷӯшад. Пас аз ин зарфро аз болои оташ мегирем ва моеъи дохилашро аз элак мегузаронем. Камтар, ки хунук шуд, онро ба яхдон гузошта, 5 соат нигоҳ медорем. Баъди 5 соат аз яхдон мегирем ва блендер мекунем, боз 2 соати дигар дар яхдон меистад. Баъди он боз блендер мекунем ва дар яхдон 3 соат нигоҳ медорем. Ҳамин тавр яхмосро 3 маротиба блендер мекунем, то ки ба пуррагӣ тайёр шавад. Вақте ки омода шуд, ба болои яхмос писта ё шоколади обшуда мепошем.