Соҳибкори саховатпеша Ҳабибулло Сулаймонов кори хайру савоберо анҷом дода, дар ноҳияи Темурмалик ду шабакаи нави обтаъминкунӣ бунёд намудааст.
Cокинони маркази ноҳияи Темурмалик - шаҳраки Баҳманрӯд ва деҳоти Танобчӣ, Гурдоварон, маҳаллаҳои Баҳодурон, Чашма, Заркамар, Гурондеҳ, Саидмуъминобод, Танобчии боло зимни суҳбат бо журналистон иброз доштаанд, ки солҳои зиёде аз норасоии об азият мекашиданд ва аз беобӣ имконияти самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигиашонро надоштанд, вале хушбахтона бо бунёди шабакаҳои нави обтаъминкунӣ ин масъала ҳалли худро ёфта, зиёда аз 30 ҳазор нафар аҳолии маҳаллаҳои номбаршуда бо оби босифати нӯшокӣ таъмин гаштанд. Акнун атрофи хонаҳои сокинони ин маҳаллаҳо ва қад-қади роҳҳои мошингардро дарахтони сабзу хуррам ва гулҳои рангоранги шукуфон зебу зиннат мебахшад, ки самараи таъмини онҳо бо об мебошад.
Барои истифодаи сариштакоронаи об дар ҳар хона ҳисобкунакҳо насб карда шудааст. Таъмири иншоот ва таҷҳизот, пардохти нерӯи барқ ва дигар хароҷоти пойгоҳҳои обкаширо соҳибкори ватанӣ бар дӯш гирифта, тасмим гирифтааст, ки маблағи аз ҳисоби истифодаи об ҷамъоваришударо дар дигар корҳои ободонӣ сарф намояд.
Об аз дарёи Сурхоб дар ҳавзи дорои ғунҷоиши 7 ҳазор метри мукааб захира шуда, аввал тагшин мешавад. Оби софшуда боз бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз чанд марҳилаи поксозӣ мегузарад, пасон ба 8 махзани оби дар нуқтаҳои гуногун сохташуда ва аз онҳо ба хонаҳои мардум интиқол меёбад. Тибқи нишондоди лоиҳавӣ, пойгоҳҳои барқии обкашӣ иқтидор доранд, ки дар як шабонарӯз обкаширо то ба 4500 метри мукааб расонанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ мақсад доранд, ки ояндаи наздик боз 5 ҳазор сокинони деҳоти дурдасти ноҳияро дар масофаҳои то 12 километр бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намоянд.