goodwell
Як пиёла шир занро аз марг наҷот дод
29.08.2026
Oila.tj
225

Ҳовард Келли дар наврасӣ ятиму хеле нодор буда, барои муҳайё намудани қути лоямут ва шароити таҳсил муздурӣ карда, хона ба хона майдаколоҳоро интиқол медод.

Чунин рӯзе ҳам фаро расид, ки дар ҷайбаш ҳатто як сент надошт. Зери азияти шиддати гуруснагӣ ба худ қарор дод, ки ба наздиктарин хона раваду хӯрданӣ бипурсад. Дар ҳолати басо ногувор қарор дошт. Ҳамин ки ба хонае наздик гардид, дар вуҷуди хеш итминону бовариро эҳсос намуд: рад мекунад ё на, таваккал ба Худо, ҳарчи бодо бод!

Ӯ ба умед ангушт ба тугмаи садои пушти дар бурд ва чанд дафъа онро фишор дод. Он гоҳ ки дарро ба рӯйи ӯ бонуи зебову ҷавон боз кард, даступохӯрда шуд, худро гум кард. Шармаш омад, ки чизе бипурсад. Он гоҳ зери ҳаяҷону шарм гуфт:

– Метавонам аз Шумо як истакон об дархост бикунам?

Духтар бо фаросаташ дарёфт, ки ҷавон гурусна аст ва рафту барои ӯ як истакони пур аз шир овард. Ҳовард ба оҳистагӣ онро нӯшид ва пурсид:

– Аз Шумо чӣ қадар қарздор шудам?

– Шумо қарздор нестед, - посух дод духтар. - Модарам маро панд дода, ки бар ивази некӣ ҳаргиз чизе тамаъ накунам.

– Модоме чунин аст, барои лутфу меҳрубонӣ Шуморо аз самими қалб сипос мегӯям, – гуфт Ҳовард.

Он гоҳ ки ӯ аз хона канор рафт, на танҳо тақвияти ҷисмонӣ, балки болидагии рӯҳию равониро низ эҳсос намуд. Итминон ҳосил кард, ки то даме дар ҳаёт чунин афроди саховатманд умр ба сар мебаранд, ҳама хуб хоҳад буд!...

Аз миён солҳои зиёд пушти сар шуд.

Боре як бону, сокини ҳамин шаҳр ба бемории вазнин мубтало гашт. Духтурони маҳаллӣ дар муолиҷаи ӯ оҷиз монданд. Билохира ба хулосае омаданд, ки беморро барои муоина ба шаҳри калон, ба назди духтурони ботаҷриба бифиристанд. Дар миёни табибони барои машварат даъватшуда Ҳовард Келли низ буд. Ӯро бо шунидани номи шаҳре, ки бемор аз он омада буд, эҳсоси аҷибе фаро  гирифт. Ҳамон лаҳза бархосту ба аёдати бемор рафт. Дари ҳуҷраи хоби ӯро боз кард, бонуи аз мушкили сафар хастаро дар ҳоли хоб ёфт. Наздиктар рафт. Бо як дидан вайро шинохт. Бале, ӯ ҳамон бонуе буд, ки як вақтҳо вайро бо истакони пур аз шир зиёфат дода буд. Ҳолномаи беморӣ ва натиҷаи ташхисҳоро омӯхта, дар чеҳраи табиб осори ғаму андӯҳ падид омад: "Ҳукми маргаш хонда шуда!". Табиб ба дафтари кори худ баргашт ва хомӯш нишаста, дурудароз ба дунёи андеша фурӯ рафт. Ӯ дар мавриди бонуи бемор, оҷизии хеш ва ноадолатиҳои тақдир фикр кард. Ҳар қадар ки дасти гирои андеша ӯро ба чанги худ мегирифт, ҳамон андоза нигоҳаш ҷиддитар мешуд. Дар ниҳоят башаст баланд шуд аз ҷойи нишасти худ ва гуфт: "На, ман аз ҳама кори имконпазир ва ғайри он истифода хоҳам бурд, то бонуро наҷот бидиҳам!". Шурӯъ аз ҳамон рӯз бемор зери таваҷҷӯҳи хоси духтур Ҳовард Келли қарор гирифт. Ҳамин тавр, ӯ бо гузашти ҳашт моҳ аз миён дар натиҷаи саъю талоши тӯлонӣ бар бемории вазнину даҳшатзо пирӯз гардид.

Ҳаёти бонуи ҷавон дигар зери хатар қарор надошт.

Духтур Ҳовард аз муҳосиботи бемористон дархост намуд, ки ҳисобномаи маблағи муолиҷаи беморро пешниҳод намояд. Чун ҳисобнома ба дасташ расид, дарёфт, ки бону муваззаф аст бар ивази табобат маблағи ҳангуфтеро пардохт намояд. Ҷойи ҳайрат набуд, метавон гуфт, ки ӯро аз он дунё бозпас оварданд. Духтур Келли ба ҳисобнома нигариста, худкорро ба даст гирифт ва дар зери барга чанд ҳарфе паси ҳам навишт. Сипас хоҳиш кард, ки ҳисобномаро ба бону расонанд. Баргаи ҳисобнома ба даст бону расид, аммо ҷуръат намекард онро боз намояд. Ӯ бар ин бовар буд, ки тамоми умри боқимонда бояд шабу рӯз заҳмат бикашад, то тавонад маблағи муолиҷаро пардохт намояд. Ҷуръаташро ҷамъ карда, билохира, ҳисобномаро боз кард. Аввал чашмаш ба навиштаи зери сатри "Пардохт шавад" бархӯрд. Дар он омада буд: "Бо як истакон шир маблағ пурра пардохт гардид. Духтур Ҳовард Келли".

Дар чашмони бону ашк ҳалқа зад ва қалбаш аз эҳсоси шодию нишоту қаноатмандиву сипос лабрез гардид...

Ин қиссаи пандомӯз дурустии ҳушдори зерро собит месозад:

Аз мукофоти амал ғофил машав,

Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав!

Ин навишта ривоят ва ё ҳикояти бадеӣ нест. Духтур Ҳовард Келли (Howard Kelly 1853-1943) низ шахсияти бофта не, балки терапевти шинохта ва яке аз поягузорони аввалин донишгоҳи тадқиқотии Ҷон Хопиксин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост.

Қиссаи ӯ ва қазияи истакони шир низ воқеият дошта, онро ҳолноманависи ӯ нигоштааст.

Тарҷума аз русӣ. Баргирифта аз Интернет

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД