Як ноболиғро аз тарбияи волидонаш гирифта
ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ супурданд
Як ноболиғро аз тарбияи волидонаш гирифта, ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ супурданд. Дар ин бора пулиси пойтахт хабар додааст.
Тибқи иттилоъи Раёсати ВКД дар Душанбе, навраси аз тарбияи волидонаш гирифташуда сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт буда, мунтазам ба оворагардӣ ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ машғул будааст. Ноболиғ дар асоси моддаи 73-и Кодекси оила бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ ба таълиму тарбия ҷалб шуда, минбаъд дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзад.