Sebiston new 2024 october
ЯК МӮЙИ БАЧАИ ҚИШЛОҚРО БА САД МЕҲРОБ ИВАЗ НАМЕКУНАМ!
5705

 

Бо ҷавони Душанбегие аҳди ишқу муҳаббат доштем. Мани деҳотӣ мафтуни рафтору гуфтори ин ҷавони зоҳиран бомаданият гашта, ҳамеша ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меовардам.

Бароям аз деҳа чанд кас талабгор шуданд, вале мани ошиқи шайдо бо забони дароз «шӯйи шаҳрӣ мекунам» гуфта, мағрурона ҷавоби рад додам. Боварӣ доштам, ки азизи дилам ба аҳдаш вафо намуда маро ба занӣ мегирад, аммо хаёлам хом баромад. Бачаи шаҳрӣ натанҳо бевафо, балки номард ҳам будааст. Аз дӯстдорию ҳурмату эҳтиромам аз худ рафта вақтҳои охир вай маро мудом «қишлоқӣ» гӯён, паст мезад. Суханони нешдораш ба дилам заданд ва қарор додам, ки муносибатамро аз вай тамоман меканам. Дид, ки дигар нозу нузашро бардоштанӣ нестам, ба таҳдид гузашт.

Мегӯяд, ки ба хонаатон рафта дар назди падару модарат шармандагиатро мебарорам. Ман бо ӯ ягон кори бад накардаам, на дар оғӯшаш будаму на аз вай ҳомиладорам, ки шарманда шавам. Гуноҳи ягонаам ҳамин аст, ки аз сидқи дил дӯсташ доштам ва бо ӯ телефонӣ суҳбат мекардам. Афсӯс, ки хато кардам! Мехоҳам бо воситаи «Оила» тамоми гапҳои доштаамро ба ин ҷавони бевафо, ки Меҳроб ном дорад, бигӯям:

Меҳроб, пас аз ҷанҷоламон ба рафиқонат гуфтаӣ, ки Манижаро «кидат» карда, Гулнозаро ба занӣ мегирам. Ин гапро шунида хандаам омад. Нағзтар фикр кун, ман туро партофтам ё ту маро? Магар ҳамин духтари қишлоқӣ набуд, ки аз ту барин бачаи шаҳрӣ сад бор безорам гуфта аз баҳрат гузашт?! Деҳотӣ ҳам бошам, аз ту барин шаҳрӣ сад бор болотарам!

Манижа, аз ш. Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД