Formula novemver 2024
Як муаллимро дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон парронданд
688


Дирӯз, 7-май, як шаҳрванди Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз парронда шудааст. Айни замон марди маҷруҳшуда дар беморхона қарор дорад.

Марде, ки аз тири марзбонони қирғиз захмӣ шудааст, ӯзбектабор буда, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба сифати омӯзгор кор мекардааст. Ҳодиса тахминан соатҳои 11.00-и рӯзи 7-май рӯй дода, писари ноболиғи Олимҷон Абдуллоев-Рамазон Абдуллоев, ки хонандаи мактаб мебошад, аз ҷониби марзбонони қирғиз боздошт шудааст.

Омӯзгор Олимҷон Абдуллоев барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол ба марзбонони қирғиз, ки дар деҳаи Сулютка қарор доштанд, муроҷиат карданӣ мешавад, вале сарҳадбонони қирғиз ҷониби марди бесилоҳ оташ мекушоянд.

Дар натиҷа Олимҷон Абдуллоев захмӣ шудааст ва айни замон дар бемористон қарор дорад.

Ин ҳодисаи нохуш аз ҷониби мақомоти дахлдори ду кишвар мавриди таҳқиқ қарор дорад. Дар ин бора Пресса. тч хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД