tobiston
Як ҷавон бо гумони куштори ҳамсараш боздошт шудааст
80

Ба иттилои пулиси Душанбе, Самандари Раҳимзод, сокини 33-солаи пойтахт рӯзи 13-уми июн бар асари муноқиша бо ҳамсараш ба чанд ҷойи бадани ӯ корд задааст.

“Он рӯз байни онҳо нофаҳмӣ ба миён омада, аз рӯи хусумату бадбинӣ Самандари Р. бо истифода аз корд якчанд маротиба ба қисматҳои гуногуни бадани ҳамсараш зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст”,- навиштааст пулиси пойтахт.

Дар пайи ин ҳодиса, ба гуфтаи манбаъ, зан дар беморхона ҷон бохтааст.

Нисбати боздоштшуда барои “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (моддаи 110, қисми 3 КҶ) парванда боз карда шудааст. Ин банди қонун аз 12 то 15 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД