Ширкати Wildberries ният дорад дар соли 2025 фаъолияти худро дар бозори Тоҷикистон роҳандозӣ намояд. Дар ин бора намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков дар суҳбат бо plusworld.ru хабар додааст.
“Тоҷикистон дорои иқтидори назаррас барои рушди савдои электронӣ мебошад, ки ин имкониятҳои навро барои соҳибкорони маҳаллӣ фароҳам меорад ва гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистонро тақвият мебахшад”,- зикр кардааст Коренков.
Ширкат нақша дорад нуқтаҳои гирифтани фармоишҳоро боз карда, дар оянда маркази логистикӣ бунёд намояд.
Wildberries ширкатҳои содиротии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ба рушди савдои электронии кишвар мусоидат кардан мехоҳад.