Wildberries аз имкониятҳои ифтитоҳи нуқтаҳои гирифтани фармоиш дар Тоҷикистон гуфт
14.10.2025
Oila.tj
111

Намояндагони Wildberries, бузургтарин фурӯшгоҳи онлайнӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ, вобаста ба рушди шабакаи нуқтаҳои гирифтани фармоиш (НГФ) дар Тоҷикистон семинар баргузор карданд. Дар ин чорабинӣ беш аз 50 соҳибкори алоқаманд ба ифтитоҳи нуқтаҳои гирифтани фармоиш, ки зери бренди Wildberries амал мекунанд, иштирок доштанд.

Намояндагони фурӯшгоҳи онлайнӣ оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ бо Wildberries, аз ҷумла дар бораи шартҳои ифтитоҳи НГФ дар кишвар, маълумот доданд. Ба гуфтаи онҳо, номгӯйи маҳсулоти барои харидорони тоҷикистонӣ дастрас дар ин фурӯшгоҳи онлайнӣ бештар аз 60 миллионро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти намояндагони ширкат, муомилоти миёнаи як НГФ дар Тоҷикистон тақрибан 580 ҳазор сомонӣ аст. Ҳаҷми сармоягузории ҳадди ақал барои оғози тиҷорат 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Wildberries омӯзиши кормандон ва дастгирии шариконро дар тамоми марҳилаҳои фаъолият таъмин мекунад.

2_13

Айни замон ширкат дар даҳ бозор, аз ҷумла дар Русия, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон фаъолият дошта, инчунин бо фурӯшандаҳо аз Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ мекунад.

Барои дарёфти маълумоти бештар ва шиносоӣ бо шартҳои ифтитоҳи НГФ ба ин пайванд гузаред:
https://pvz.wb.ru/?utm_source=asiaplus&utm_medium=new&utm_campaign=dushanbe

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД