Formula novemver 2024
Вокуниши ҳунармандон ба эълони Кумитаи андоз
958

Кумитаи андози кишвар феҳристи сарояндагонеро нашр кард, ки бе қайд ва бо қарздорӣ фаъолият доранд. Ин рӯихатро чанд соат қабл нашрияи “Боҷу хироҷ” - ҳафтаномаи расмии ин ниҳод нашр кард.

Дар ин матлаб масъулини ниҳоди мазкур изҳори нигаронӣ намудаанд, ки бархе овозхонҳо дар аввал барои қонунӣ кардани фаъолияташон патент гирифта, сипас, онро қатъ намудаанд ё бо гузашти солҳо дар бораи даромади худ гузориш надодаанд. Дар миёни сарояндаҳое, ки аз андоз қарздоранд, исми Сангалӣ Мирзоев, Суруш Холов, Ҳабиба Давлатова, Содиқ Холов ва Зиёвиддини Нурзод ҳам ҳаст.

Ба ҳисоби умумӣ, дар 5 моҳи соли равон 35 сарояндаи қарздор бояд ба буҷет беш аз 150 ҳазор сомонӣ пардохт мекардаанд, вале ҳоло беш аз 72 ҳазор сомонӣ пардохт шудаасту халос.

Ҳамчунин, ин ниҳод исми сарояндаҳоеро нашр кардааст, ки бидуни қайд дар мақомоти андоз фаъолият мекунанд. Шумораи умумии онҳо 54 нафар буда, дар миёни онҳо исми сарояндаҳои машҳур Фараҳноз Шарапова, Нигора Холова, Пенҷӣ Анаев, Муслима Қодирова, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Шаҳриёр Давлатов, Зафар Аюбӣ, Муҳаммадрафии Кароматулло, Дилноза Каримова, Шаҳроми Абубакр, Фаридуни Хуршед ва Нишонаи Рустам низ ҳаст.

Зикриоллоҳ Ҳакимов, сарояндаи саршинос ки исмаш дар ин рӯйхат оварда шудааст, зимни суҳбат бо «Oila» гуфт, ӯ соле қабл патенташро маҳкам карда буд ва инак, 1 сол боз ба табобати дандонҳояш машғул буда, на консерт барпо кардаасту на пулакӣ ба ягон тӯй рафтааст.

На гуруҳ дораму на навозанда, ҳатто дандон надорам, ки ба тӯй равам. Гоҳҳо хешу табор ҷеғ мезананд, ки баъзан бо сабаби табобати дандонҳоям маҷбур мешавам, фонограмма сароям ва ҳамагӣ 2 – 3 суруд мехонам ба хотири хеш будан. Ҳоло ба тарбияи шогирдон машғулам. Оҳангҳоям ҳам харидор надоранд, ки аз ҳисоби фурӯши онҳо пул супорам", - изҳори норизоӣ кард сароянда.

Ин сароянда аз он изҳори ниграонӣ кард, ки матлабашро қаблан ҳам ба масъулини андоз фаҳмонида буд, вале онҳо то ҳол ӯро "бе қайд фаъолият дорад" мегӯянд.

"Вақте одам ё корхона кор намекунад, аз куҷо бояд патент кунаду андоз супорад? Онҳо аввал як бор биёянд маро хабар гиранду аз ҳолам огоҳ шаванд. Якбора 32 дандонамро 1 сол боз табобат карда истодаам. Пойҳоям ҳам дард мекунанд ва дуруст роҳ рафта наметавонам”, - гуфт овозхон.

Дар ҳамин ҳол, Нишонаи Рустам, сарояндаи дигари маъруф, ки исми ӯ ҳам барои бе қайд фаъолият кардан дар феҳрист оварда шудааст, зимни суҳбат бо «Oila» гуфт, бештар дар чорабиниҳои давлатӣ ширкат мекунад ва барои ин сабти ном шарт нест.

Ду рӯз пеш рафта, патент кушодам ва як миқдор маблағашро аллакай пешакӣ супоридам. Ман аслан дар чорабинҳои давлатӣ иштирок мекунам, ки дар онҳо патент лозим намешавад”, - гуфт ин овозхон.

Парвиз Ашӯров, ровии маъруф ва продюссери Фараҳноз Шарапова, ки исми ҳарду ҳам барои бе қайд фаъолият кардан зикр шудааст, гуфт, аллакай кори ҳардуяшонро қонунӣ карданд ва соҳиби патент шуданд.

Зиёвиддини Нурзод, овозхони маъруф ҳам, ки номи ӯро ҳамчун қарздор навиштаанд, гуфт аллакай маблағашро пардохт кард ва расидашро дар даст дорад.

Масъулини Кумитаи андози дар ин матлаб гуфтаанд, барои фаъолияти сарояндагӣ навозандагӣ шаҳодатнома бо шартҳои махсус  пешбинӣ гардидааст ва маблағи барои фаъолияти сарояндагӣ бе ташкили студияи шахсӣ 985 сомонӣ, фаъолияти навозандагӣ, раққосӣ, барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо 217 сомонӣ ва фаъолияти суратгирӣ, банаворгирии ҷашну маъракаҳо (бидуни ташкили студияҳо) (берун аз бинои статсионарӣ) 165 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Пештар ҳам мақомоти андоз рӯихати овозхонҳои аз андоз қарздорро нашр карда буд ва худи онҳо онро рад карда гуфта буданд, ки андозҳоро пардохт мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД