Arzon march 2024
Вохӯрии журналистону блогерон бо раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ
407

Санаи 3-юми марти соли 2025 дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии журналистон ва блогерон бо раиси кумитаи мазкур Ҷамшед Ҷумъахонзода баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ журналистон, блогерони узви Ассотсиатсияи блогерон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ширкат намуданд.

Сараввал раиси Кумита ҳамаи меҳмононро хушомадед гуфта, барои ташрифашон миннатдорӣ баён намуд. Баъдан барои вусъат бахшидани рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ӯ қайд намуд, ки Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ буда, маконҳои зиёд барои сайёҳон дорад. Мавсуф аз намояндагони ВАО ва блогерон даъват ба амал овард, ки барои муаррифии ин маконҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо онҳо ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Инчунин, Ҷамшед Ҷумъахонзода қайд намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии ҷойҳои сайёҳӣ аллакай суҳбатҳо анҷом дода шудаанд.

Баъди суханронии раиси Кумита пешниҳодҳо ва саволҳо аз ҷониби журналистон ва блогерон пешниҳод гардида, ба ҳамаи онҳо посух гирифтанд.

Дар охир раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода қайд намуд, ки ба ҳамкорӣ бо ВАО ва блогерон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон омодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД