Солеҳа Холмаҳмадзода бо фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия мулоқот намуд
Солеҳа Холмаҳмадзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо фаъолони диаспораҳои тоҷикӣ, ки дар Русия фаъолият доранд, мулоқот намуд.
Вазир ҳозиринро бо Иди Наврӯз муборакбод гуфта, барои саҳми арзандаашон дар мустаҳкам гаштани робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар рафти мулоқот фаъолияти ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар Русия, дастгирии ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, нигоҳ доштани арзишҳои миллии фарҳангии тоҷикона ва дигар масоили муҳим аз қабили ба расмият даровардани будубоши шаҳрвандони Тоҷикиистон дар Федератсияи Россия то 30- апрели соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи маълумоти расмӣ айни замон дар Русия 67 марказ ва ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон ба қайд гирифта шудааст. Вазир аз фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия хоҳиш кардааст, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик саҳми худро гузоранд.