Arzon march 2024
Вохӯрӣ бо ҷавонон дар арафаи Рӯзи ҷавонон
13.05.2024
ОИЛА.ТҶ
332

Бо иштироки Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъол ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият дар амалисозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, боло бурдани зиракии сиёсии онҳо, пешгирии насли ҷавон аз омилҳои номатлуб, аз ҷумла пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои хатарзо вохӯрии судманд анҷом дода шуд.

Ятимов Саймумин, генерал-полковник, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои болозикр ва ба ин васила боло бурдани зиракии сиёсии ҷавонон бо ҷалби кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ, шунавандагони маҳфили омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат", аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳо, донишҷӯён, волонтёрон ва ҷавонони касбу кори гуногун сухан гуфт.

Гулаҳмадзода Зулфиқор, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади хеш изҳор дошт, ки “ин чорабинӣ барои ҳар як иштирокчии имрӯза ҳам ғизои маънавӣ ва ҳам масъулиятшиносиро бештар намуда, водор месозад, ки рисолаташон барои анҷом додани вазифаҳои бар дӯш доштаашон зиёд гардад.

- Мо масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ваъда медиҳем, ки дар якҷоягӣ барои таҳкими амният, ҳифзи оромиву субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб дар ҷомеа дастуру тавсияҳои имрӯзаи шуморо сармашқи кори худ қарор дода, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат менамоем,- гуфт Гулаҳмадзода Зулфиқор.

Дар ин вохӯрӣ саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ва Ятимов Саймумин, генерал-полковник, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД