Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи кишварро дар рӯзи аввали маърака 100 фоиз иҷро кардааст.
Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мавсими баҳории даъват 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома меёбад.
Ба иттилои мақомот, иҷрои зуди нақша ба афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ва беҳтар шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста аст. Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон онро ба тағйироти қонунгузорӣ рабт медиҳанд, ки тибқи он имкон фароҳам шудааст ҷавонон дар давоми сол ба хизмат ҷалб карда шаванд.
Қаблан шаҳри Бохтар низ аз иҷрои нақшаи даъват як рӯз пеш аз оғози маърака хабар дода буд.
Тибқи фармони Президент, дар ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.