Вазорати умури дохилии кишвар шахсияти яке аз гумонбарони куштори ваҳшиёнаи Шаҳло Назарова, ҷавонзани 44-солаи сокини деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакиро бо се фазандаш ошкор намуд.
Гумонбаршуда ҳамсояи 32-солаи ин хонавода Сайфулло Азимов мебошад, ки ҳамроҳи як шарики ноболиғаш боздошт шудааст.
Ёдрас мешавем, ки ин ҷинояти мудҳиш шаби 5 ба 6-уми сентябри соли равон рӯй дода, Шаҳло Назарова бо ду духтар ва як писари ноболиғаш дар манзили зисташон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.
Он замон падари хонавода Ҳалим Иброҳимов дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт ва баъди сар задани ин ҳодисаи ваҳшатангез ба Ватан баргашт.
Аз рӯйи гуфтаҳои мард, қотилон ҳамсараш Шаҳлоро 17 корд зада, фарзандонашро низ бо зарбаи корд ва болға ба қатл расонидаанд.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, гумонбарон аҳли ин хонаводаро бо мақсади ба даст овардани пули муфт бераҳмона ба қатл расонидаанд.
Айни замон дар робита бо ин ҳодисаи хунин ду нафар боздошт шуда, аҳли хонаводаи гумонбарон аз деҳа фирор кардаанд.
Тафтишот идома дошта, парванда ҳанӯз ба суд ирсол нашудааст.