Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои кумак дар ошкор намудани ду ҷинояти куштор ба шаҳрвандон 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кардааст.
Ба иттилои Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҳодисаи аввали куштор рӯзи 5-уми декабри соли гузашта рӯй дода, сокини деҳаи Баҳористони шаҳри Ваҳдат Тоҷиддин Олимов аз ҳаёт маҳрум карда шудааст. Шаби 6-ум ба 7-уми декабр дар шаҳри Ваҳдат боз як ҳодисаи дигари куштор сар зада, сокини деҳаи Бонғураи шаҳри мазкур Маҳмадалӣ Ҳаётов аз ҷониби шахсони номаълум ба қатл расонида шудааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ бо пахши як эълон барои кумак дар ошкор намудани ин ду ҷиноят 200 ҳазор сомонӣ мукофот ваъда кардааст. Мукофотпулӣ ба шахсоне дода мешавад, ки маълумоти боэътимод ва дақиқро оид ба шахсияти ҷиноякорон ва дигар ҷузъиёти вобаста ба ин ҷиноятҳо пешниҳод намоянд.