arzon replenishment
Вазорати тандурустӣ вазъи беморхонаҳои маҳаллиро месанҷад
613

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо вазъи беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор шинос шуд.

Аъзои гурӯҳи корӣ бо шароити беморхонаҳо ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ шинос шуда, аз одобу муносибати кормандони соҳаи тиб бо беморон ва хешовандони беморон пурсон шуданд.

Баъди гардиш ва омӯзиши фаъолияти ҳар муассисаи бистаринамоӣ гурӯҳи корӣ бо ҳайати кормандони муассисаҳои тиббӣ ҷаласаҳо доир намуданд, ки зимни он дар мавзӯи одоби муоширату муносибат бо беморон, баланд бардоштани сатҳи саводу салоҳият ва малакаҳои касбии кормандон, хусусан кормандони миёнаи тиб, беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои назорати сифати табобат, таъминот бо таҷҳизоти муосир бо мақсади воридсозии навгониҳо дар ташхису табобати беморон суҳбати озод доир гардид.

Сафари гурӯҳи кории вазорат дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД