Arzon march 2024
Вазни идеалӣ чанд аст?
1680

 

Зебосанам ё хӯса?

Солҳои охир вабои харобшавӣ ҳамаро саросар фаро гирифтааст, хоса бонувон ба ситораҳои хориҷӣ тақлид намуда, ҳафтаҳову моҳҳо аз хӯрданиҳои лазиз парҳез мекунанд, то соҳиби қаду қомати зебову мавзун гарданд. Мушкилоти ин тоифа дар он аст, ки вазни идеалии худро намедонанд. Дар натиҷа аз меъёр зиёд лоғар шуда ба ҷойи зебосанам гаштан ба пӯсту устухон табдил меёбанд ва ба хӯсаҳое монанд мешаванд, ки одатан деҳқонҳо дар байни гандумзор барои тарсондани паррандаҳо мегузоранд. Барои ба чунин хӯса табдил наёфтан ҳар як инсон бояд вазни идеалии худро бидонад ва кӯшиш намояд, ки ба он мутобиқ шавад. Барои он ки одам зебо намояд, пеш аз ҳама бояд вазнаш ба қаду қоматаш мувофиқат намояд, бинобар ин, пеш аз он ки ба васвасаи харобшавӣ афтида худро ба гуруснанишинӣ маҳкум менамоед, аввал вазни идеалии худро муайян кунед, он гоҳ аниқ мешавад, ки шумо бояд чанд кило фарбеҳ ё баръакс хароб шавед.

 

Кашфиёти нав

Мутахассисони амрикоии ширкати суғуртавии Metropolitan Life Insurance Compani (Metlife) ҷадвали вазни идеалиро тарбит додаанд. Ҷадвали мазкурро футурологи машҳур, кашфиётчӣ Рей Курсвейл тартиб додааст. Ин ҷадвал дар назардошти дарозии қад ва шакли андоми марду занони то 25-сола ва аз он боло тартиб дода шудааст.

 

Вазни идеалиро чӣ хел чен мекунанд?

Ҳангоми муайян намудани вазни идеалии худ одам бояд пеш аз ҳама ба кадом гурӯҳ дохил шудани андомашро муайян намояд, яъне шумо резаустухонед, пайкаратон миёна аст ё бузург. Ба таблитса нигаред ва бо лентаи сантиметрдор банди дастатонро чен кунед.

 

Муайян намудани ҷусса аз рӯи андозаи банди даст

 

Ҷуссаи хурд

Ҷуссаи миёна

Ҷуссаи калон

Мардҳо

Аз 16 см кам

16-17,8

Аз 17,8 см зиёд

Занҳо

Аз 13, 3 см кам

13,3-15,3

Аз 15,3 см зиёд

 

Банди дасти зан аз 16 см кам бошад, ҷуссаи хурд дорад, аз 16 то 17,8 см ҷуссаи миёна ва аз 17,8 см зиёд ҷуссаи калонро нишон медиҳад.

Банди дасти мард аз 13,3 см кам бошад, маълум мешавад, ки ҷуссаи хурд дорад, аз 13, 3 то 15,3 ҷуссаи миёна ва аз 15, 3 зиёд далели бузургҷусса будани мард аст.

Шумо ҷусаатонро муайян кардед? Акнун вазни идеалии худро аз таблитса пайдо кунед.

 

Вазни муносиб барои бонувон бо кг

Дарозии қад (см)

Ҷуссаи хурд

Ҷуссаи миёна

Ҷуссаи калон

147

46-50

49-55

54-59

150

47-51

50-56

54-61

153

47-52

51-57

55-62

155

48-53

52-59

57-64

157

49-55

53-60

58-65

160

50-56

55-61

59-67

163

52-58

56-63

61-68

165

53-59

58-64

62-70

168

54-60

59-65

64-72

170

56-62

60-67

65-74

173

57-63

62-68

66-76

175

59-64

63-69

68-77

178

60-66

64-71

69-78

180

61-67

66-72

70-80

183

63-68

67-73

72-81

 

 

 

 

 

Ба болои тарозу бо либоси хонапӯшак бароед.

 

Вазни муносиб барои мардон бо кг

Дарозии қад             (см)

Ҷуссаи хурд

Ҷуссаи миёна

Ҷуссаи калон

157

58-61

59-64

63-68

160

59-62

60-65

64-70

163

60-63

61-66

64-71

165

61-64

62-67

65-73

168

62-65

63-68

66-74

170

63-66

64-70

68-76

173

64-67

66-71

69-78

176

64-68

67-73

70-80

178

65-70

68-74

72-82

180

66-71

70-75

73-83

183

68-73

71-77

74-85

185

69-74

73-79

76-87

188

70-76

74-81

78-89

190

72-78

76-83

80-92

193

73-80

78-85

82-94

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД