Sebiston new 2024 october
Вазир гуфт, киҳо хизматрасониҳои тиббиро ройгон мегиранд
925

 

Дар бораи хизматрасониҳои тиббӣ барои пиронсолон ва дигар гурӯҳи шаҳрвандоне, ки имтиёзи гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон доранд, дар Қарори 600 Ҳукумти ҶТ, ки аз соли 2008 дар муассисаҳои тиббӣ фаъолият дорад, оварда шудааст.

Тибқи қарори мазкур шаҳрвандоне, ки аз 80 сола боло ҳастанд, нафароне, ки гурӯҳи маъюбӣ доранд, иштирокчиёни ҶБВ ва кӯдакони то синни 1 сола ройгон ҳаққи гирифтани хизматрасониҳои тиббиро доро мебошанд.

Ҷ.Абдуллозода дар ҳисоботи шаш моҳаи худ дар ин мавзӯъ изҳори назар карда, афзуд, ки дар хадамоти ҳифзи иҷтимоию агентӣ, шаш маркази минтақавӣ фаъолият мекунад, ки самти фаъолияташон ба пиронсолон , шахсони имконияташон маҳдуд, дар назди мақомотҳои маҳал бошад, 43 шуъбаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ҳамин гурӯҳи шаҳрвандон хизмат мерасонанд.

“Шумораи Муассисаҳои ғайридавлатии дар ин самт фаъолияткунанда 53 адад буда, фаъолияти онҳо барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳи зикргардида равона шудааст. Айни замон Дар муассисаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ 1198 нафар бошанда зиндагӣ мекунанд, ки зиёда аз 50 фисади онҳо ҳамон шаҳрвандоне ҳастанд, ки ҷои зист надоранд” гуфт вазир.

Тибқи оморҳои расмӣ дар шаш моҳи соли 2022, 8200 хизматрасонӣ ба пиронсолон ва зиёда аз 4000 ҳазор ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд равона шудааст. Кишри камбизоати ҷомеа дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда метавонанд ба пуррагӣ хизматрасониҳои тандурустиро ройгон гиранд.

Дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва рад шудан аз ҷониби духтур, ягон мушкилӣ ё нофаҳми ба миён омадан, ё ягон муроҷиат доштан, метавонанд ба телефонҳои боварӣ, 221-18-35 ки шабонарӯзӣ фаъол аст, занг зананд, таъкид кард Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД