Sebiston new 2024 october
ВАСВАСАИ ШАЙТОН ПАДАРРО БА ЗИНДОН БУРДУ ДУХТАРРО ШАРМАНДА КАРД (ҚИСМИ 2)
01.10.2020
ОИЛА
8124

(Давомаш)

“Падарам шими худашро ҳам поён кард ва пуштамро гардонида, худашро ба ман молидан гирифт. Ин амали ҳароми ӯ қариб 5 дақиқа давом кард. Ҳарчанд зорӣ кардам, ки ин корро накунад, вале гӯш накард.

Вақте корашро тамом кард, гуфт, ки рафта оббозӣ карда биёяму баъд хоб равам. Ман рафта, дар ҳаммом гиря кардам ва баъди ин, шустушӯ кардаму омада, хоб рафтам”,-бо ашки шашқатор нақл кард Умедаи зору ҳайрон.

Нобоварии бародар ва макри падар

Асомиддин, бародари калонии Умеда аст. Ӯ имсол ба синни 18 даромад, вале бо сабаби чанд сол дар Русия будану мактаб нахондан, акнун дар синфи 10 таҳсил дорад. Ҷавон ба ёд меорад, ки ҳамон рӯзи наҳс барои чидану овардани писта ба кӯҳ рафта буд ва дар хона падарашу Умедаву додаракони хурдиаш монданд. Асомиддин интизор буд, ки милисаҳо ҳатман барои бурдани падараш меоянд, вале бовар надошт, ки ин иттифоқ маҳз дар ҳамин рӯз рух медиҳад.

Тавре Асомиддин ба ёд овард, чанд рӯз пештар, шабе ҳамроҳи хоҳараш суҳбат дошт ва Умеда ба акояш нақл кард, ки чӣ гуна падараш ба ӯ тавассути маъқад дастдарозӣ мекунад, вале бародар ин масъаларо ҷиддӣ қабул накард ва санҷидан хост, ки воқеан ҳам падараш таҷовузгари духтари худ бошад ё не.

Баъди шунидани ин ҳодисаи нангин Асомиддин қарор дод, ки аз пушти падараш мепояд ва тасдиқ мекунад, ки оё воқеан падари таҷовузкор дорад? Вале чунин имкон ба ӯ даст надод. Бача мегӯяд, ки ҳамон шабу рӯз сахт хобаш мебурд, бо вуҷуди оне, ки рӯзона кори зиёд намекард ва хаста ҳам намешуд. Барои ин бачаи 18–сола аҷиб аст, ки чаро баробари даромадан ба ҷойгаҳ зуд чашмонаш пӯшида мешуданду субҳ бо як азоб аз хоб мехест. Ба саволи он, ки пештар ҳам чунин хоб мерафт, “не” гуфт ва қайд намуд, ки ҳеҷ гоҳ чунин сахтхобӣ надоштааст.

Асомиддин муътақид аст, ки падараш ба ӯ доруи хоб медод ва маҳз ҳамин омил ба сахтхобии ӯ мусоидат мекард, яъне падари бераҳм илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гӯён, ин ҷинояти гӯшношуниди худро пинҳон карданӣ шуда, кӯдаконашро гӯл мезад, вале боре наандешид, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад.

                   Худкардаро даво нест

Умеда нақл мекунад, ки мавридҳои дигар ҳам аз дасти падар азияти ҷинсӣ мекашид. Ба ғайр аз ин, падараш ӯро таҳқир мекарду шаънашро паст мезад. Ҳатто як бор гуфтааст, ки ба ҳаммом рафта, либосҳояшро аз танаш барорад. Мард ваъда додааст, ки танҳо омада, бадани духтарашро тамошо мекунад ва ба номусаш даст дароз намекунад.

“Бо сари хам ба ҳаммом рафтам ва гиря кардам. Вақте падарам омад, дид, ки гиря дорам. Сабабашро пурсид ва ман ҳам аз рафтори разилонааш норозӣ буданамро гуфтам. Ваъда дод, ки ҳеҷ коре бо ман намекунад ва иҷозат дод, ки ба хона равам. Фақат таъкид кард, ки минбаъд гиря накунам, зеро ҳамсояҳо шунаванд, ҳар ду ҳам шарманда мешавем. Ман ҳам ба хона рафтаму дигар то бегоҳ берун набаромадам”.

Рӯйдоде, ки танҳо бародар интизораш буд

Асомиддин вақте аз кӯҳ бо халтаи пур аз писта омад, хоҳараш дар хона набуд. Дили ӯро ваҳм гирифт ва дарк кард, ки чӣ ҳодисае рух додааст. Тозон ба хона даромад ва дид, ки падараш ҳанӯз ҳам хоб асту кӯдакон дар хонаи дигар бозӣ доранд. Дар куҷо будани Умедаро аз додаронаш пурсид. Тавре додаронаш гуфтанд, Умеда субҳ бо падараш ҷанҷол бардошта, қаҳр кардаву ба хонаи бобои модариаш рафтааст. Шубҳаи Асомиддин оҳиста–оҳиста тасдиқи худро меёфт.

Ӯ ба ёд овард, ки дар ҷевони хонаи хобашон пул дорад. Агар Умеда ба хонаи бобояшон рафта бошад, бояд ҳамон пулро барои роҳкиро мегирифт, зеро худаш пул надошт ва хонаи бобояш аз ҷои зисти онҳо дур буду танҳо тавассути нақлиёт мерафтанд.

Ин гумон иштибоҳ баромад. Пул дар ҷояш буд. Аммо он ҷо қоғази қатшудае мехобид. Асомиддин қоғазчаро кушода хонду акнун шубҳаҳояш пурра тасдиқи худро ёфтанд. Умеда ба номи падараш нома навишта, огоҳ мекард, ки омода бошад, зеро ӯ ба идораи полис рафтааст.

Дили одаткарда балои ҷон

Умеда бо гиря ба ёд овард, ки шабҳо дар болои худ вазниниеро эҳсос мекард. Вақте чашмонашро мекушод, падарашро медид, ки дар пушташ савор шуда, аз рӯю гарданаш мебӯсад. Баробари чашмонашро кушодан, падар ӯро ба хонаи хоби худ бурда, либосҳояшро аз тан мебароварду амалҳои ҳаромашро иҷро мекард ва баъди ин амр медод, ки рафта оббозӣ кунаду баъд хоб равад.

Духтарак ҳарчанд муқобилият мекарду хоҳиш менамуд, ки мард падараш аст ва дигар ин амалашро такрор накунад, зеро чунин амали ӯ хилофи дини ислом аст, вале ин баробари ба гӯши кар азон гуфтан буд. Пардаи торики нафс пеши чашми мардро ончунон гирифта буд, ки ҳатто дарк наменамуд дар зери ҷисми вазнинаш духтари худаш хобидааст.

Ҳар дафъа падар ваъда медод, ки дигар ин корро намекунад, вале... Ҳамин, ки нафси ҳаромашро аз ҳисоби ҳамболинӣ бо духтараш қонеъ намуд, гӯшҳояшро таги тоқӣ карда мегашт ва ҳатто Умедаро таъкид менамуд, ки аз ин амалаш танҳо ӯ огаҳ бошаду падарашу Худо.

                       Дӯст гӯяд табарвор

Ҳусноро дар мулки бегона пул кор мекарду ба хона мефиристод, то аз қарзҳои Саидҷалол халос шаванд ва баъд ба ватан баргашта, оилаашро дигарбора гирди ҳам орад. Зан ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки Саидҷалол (шавҳараш, падари Умеда) ба ҷойи ӯ духтарашро истифода мебараду акнун бо фарзанди худ на ҳамчун падару духтар, балки мисоли зану шавҳар (фақат тавассути маъқад) зиндагӣ дорад.

Модари Умеда дар хонаи одамон кор мекард. Фаршҳоро рӯбучин менамуд, хӯрок мепӯхт, либос мешуст ва дигар корҳои вазнинро иҷро мекард, то ки маблағе ба даст ораду аз қарзҳои шавҳараш халос шавад. Моҳе 2–3 бор ба номи Саидҷалол пул мефиристод, то ки ӯ даҳони қарзхоҳонашро бандад. Саидҷалол пулро мегирифту ишкам хорида мегашт ва барои худаш “даво” мехарид.

Дугонааш як рӯз занг зада хабар дод, ки дар хонааш ҳамаи корҳо барҳаму дарҳаманд, ӯ бошад, аз ин бехабар қарз меканад. Ҳусноро дар аввал сарфаҳм нарафт, ки занак дар бораи чӣ мегӯяд, вале баъди пурсуковҳо фаҳмид, ки акнун кӯдакони бе модараш аз падар ҳам зиндаҷудо шуданд.

Заминро об вайрон мекунаду ...

Умеда як рӯзи офтобӣ баъди давиданҳои зиёду иҷрои корҳои душвори хона сахт монда шуд. Нисфирӯзӣ дар хона ба ҷуз падар дигар касе набуд. Ба хотири рафъи хастагиаш, рафта, ба оби зулоли ҳавзи рӯи ҳавлӣ даромад ва дилпурӣ оббозӣ кард. Мондагиаш ҳам аз байн рафт. Духтар барои либосивазкунӣ рост ба ҳаммом рафт. Вақте либосҳояшро аз тан бароварду барои пӯшидан акнун куртаашро ба даст гирифт, суроби шахсе намоён шуд, ки урён буд ва рост ҷониби ӯ меомад. Ин Саидҷалол буд, ки дар сохтмони пушти ҳаммом худро лучи модарзод карда, бо мақсади қонеъ намудани нафси ҳаромаш вориди ҳаммом шуда буд. Ӯ бадани шир барин сафеди духтарашо дида, дигар тоқат накард ва ба бӯсидану бӯидани ӯ даромад.

Умеда муқобилият мекарду дасту по мезад, ки худро аз оғӯши ин гурги гурусна халос кунад, вале падари нобино ин ҳамаро намедиду зиштиҳои худро идома медод. Нафсаш нашикаст. Акнун қувваи мардии ӯ зиёд мешуд ва шаҳваташ меафзуд. Падари кӯрдили беинсоф пушти духтарашро гардонду амали зишташро пайи ҳам чанд бор такрор кард. Вақте худро сабук ҳис намуд, дарав аз пайи либоспӯшӣ шуд. Ба духтараш ҳам амр кард, ки аввал оббозӣ кунаду баъд либосҳояшро пӯшида, ба хона дарояд ва хомӯш гардад.

Даҳшатҳои дигар ин хонандаи синфи 10- ро дар пеш буданд.

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД