Commerc banl
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои соҳилии Осиё иштирок мекунанд
30.03.2026
Oila.tj
72

Аз 20 то 30-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Саняи Чин 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё баргузор мегарданд. Ин мусобиқаи бонуфуз пас аз танаффуси 10-сола дубора роҳандозӣ шуда, таваҷҷуҳи варзишгарону мухлисонро ба худ ҷалб кардааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ба барномаи имсолаи Бозиҳо 14 намуди варзиш шомил мебошад. Аз ҷумла, мусобиқаҳо аз рӯи баскетбол (3х3), варзишҳои обӣ (шиноварии озод ва тӯббозӣ дар об), акватлон, варзиши сабуки соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, кабаддии соҳилӣ, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштии соҳилӣ, қайиқи дракон, ҷиуҷитсу, заврақронӣ, шӯхпаймоӣ ва текбол баргузор мешаванд.

Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар чанд намуди варзиш иштирок хоҳад кард. Аз ҷумла, варзишгарони кишвари мо дар баскетбол, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштии соҳилӣ ва ҷиуҷитсу барои ба даст овардани медалҳо мубориза мебаранд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои соҳилии Осиё бори охир соли 2016 баргузор шуда буданд. Он замон мусобиқа дар кишвари Ветнам доир гардида буд. Акнун пас аз як танаффуси тӯлонӣ, ин чорабинии муҳими варзишӣ боз баргашта, барои варзишгарони минтақа имконияти нави рақобат ва нишон додани маҳоратро фароҳам меорад.

Интизор меравад, ки иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар ин Бозиҳо барои рушди варзишҳои соҳилӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида, таҷрибаи байналмилалии варзишгаронро ғанӣ гардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД