Arzon march 2024
ВАЛИҶОН АЗИЗОВ БОРИ ПАНҶУМ ПАДАР ШУД
2582

 

Валиҷон Азизов, овозхони 38-солаи тоҷик аз ба дунё омадани фарзанди панҷумаш хабар дод. Фарзанди панҷуми овозхон писарча мебошад. “Шукри Парвардигори бузург, ки боз соҳиби як писар шудам”,-навиштааст Валиҷон Азизов дар саҳифаи Инстаграми худ.

Акнун ӯ падари панҷ фарзанд, ду писару се духтар мебошад. Овозхонро ба ин муносибат дӯстони ҳунармандаш Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибек Муродов, Ҳасани Камол, Дамирбек Олимов, Зулайхо Маҳмадшоева, Зафар Абдуалимов ва мухлисону ҳаводоронаш таҳният гуфтаанд.

Як нафари огоҳ аз зиндагии пасипардагии овозхон ба шарти ифшо нашудани номаш ба хабарнигори  “Оила” гуфт, ки Валиҷон аз издивоҷи пинҳониаш соҳиби ду фарзанд, як писару як духтари дигар низ мебошад. Агар гуфтаи ҳамсуҳбати мо асос дошта бошад, Валиҷон Азизовро падари ҳафт фарзанд гуфта метавонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД