Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои озод кардани даҳ асир дар ҷангҳои Русия ва Украина афтода, муввафақ шуд. Дар ин бора аз дафтари Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар доданд.
Мақомоти дахлдори Шоҳигарӣ асиронро аз Русия қабул намуда, онҳоро ба Арабистони Саудӣ интиқол додаааст, омадааст дар хабарнома.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омадааст, ки Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд Валиаҳд, муовини Раиси шӯрои вазирон дар доираи ташаббусҳои башардӯстона дар самти бӯҳрони Русия ва Украина ба озод кардани даҳ асир, дар миёни кишварҳои Шоҳигарии Мағриб, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Шветсия ва Ҷумҳурии Хорватия муваффақ гашт.
Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳукумати Федератсияи Русия ва ҳукумати Украина ҷиҳати ҳамкорӣ дар озод кардани асирон изҳори минатдорӣ намудаас.