arzon replenishment
Вакилони парлумон барои суҳбат бо мардум рафтаанд
498

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуданд.

Вакилон давоми як ҳафта, аз 4 то 11 сентябр, бо интихобкунандагони худ мулоқоту суҳбатҳо гузаронида, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва қарору қонунҳои нав қабулнамудаи ин мақоми олии қонунбарор суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон дар маҳалҳо бо ҳайатҳои меҳнатии омӯзгорон, духтурон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқот менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД