Arzon march 2024
Вахш: Шӯҳратро 5 моҳ боз аҳли оилааш мекобанд, аммо...
889


Валиҷон Давлатов, як сокини вилояти Хатлон ба мо тамос гирифта, хоҳиш кард, ки барои пайдо кардани Шӯҳрат Донаев, сокини ҷамоати савхози Вахши ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мусоидат намоем.

Бино ба гуфти Валиҷон Давлатов Шӯҳрат Донаеви 40-сола 5 моҳ пеш ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои кор рафта, баъди рафтан ҳамагӣ як моҳ бо хонаводааш тамос доштаасту халос.
Аз рафтанаш 5 моҳ гузашта бошад ҳам, дигар на аз худаш дарак асту на занг мезанад.

Шӯҳрат Донаев соҳиби се фарзанд буда, аҳли хонавода-волидон ва ҳамсару фарзандонаш аз якбора ғайб заданаш дар ташвишу изтироб афтодаанд. Онҳо мегӯянд, агар Шӯҳрат дар ягон ҷо кор мекард, аз ягон кас даракашро мефаҳмиданд ва ҳоҷати ин қадар хавотирӣ набуд.

Валиҷон Давлатов гуфт, ки оила аз ҷиҳати иқтисодӣ сахт тангдастӣ мекашанд ва то имрӯз ба ягон ҷо муроҷиат накардаанд. Танҳо баъзе аз дӯстону пайвандони ин оила бо умеди он ки шояд касе Шӯҳратро дар ягон ҷо дидаасту мешиносад, барои пайдо карданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон додаанду халос.

Хонаводаи Шӯҳрат Донаев аз шахсоне, ки дар ягон ҷо ӯро дидаанд ё дар бораи зинда ё мурда буданаш ягон маълумоте доранд, хоҳиш ва илтимос мекунанд, ки ҳатман ба рақамҳои зерин занг зада ба онҳо хабар диҳанд:

909-38-51-51 падари Шӯҳрат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД