Arzon march 2024
ВАҲДАТ: СОКИНОН БА ПАРТОВҲО УМРИ ДУБОРА МЕБАХШАНД!
2081
ВАҲДАТ: СОКИНОН БА ПАРТОВҲО УМРИ ДУБОРА МЕБАХШАНД!

Ҳуқуқ ба муҳити солим яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии инсон аст, ки ҳамаҷониба ба ҳаёти шахс ва шаҳрванд таъсир мерасонад ва бо нигоҳ доштани шароити муътадили экологӣ, иқтисодӣ ва эстетикии зиндагии ӯ алоқаманд аст. Ин ҳуқуқ бо ҳуқуқи инсон ба ҳаёт ва ҳифзи саломатӣ зич алоқаманд аст.

Инсоният оид ба ҳифзи муҳити зист, ки самти асосии ҳаёту фаъолияташ мебошад, бояд ҳамеша ғамхорӣ зоҳир намояд. Дар ҳар як маҳалу деҳа бояд меъёр ва қоидаҳоро оид ба партовҳо ва тарзу усулҳои идора кардани онҳо донанду риоя намоянд.

Деҳаи Шорази ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат чанд сол инҷониб партовгоҳ ва ё ҷойи аниқи партовпартоӣ надошт. Ин боис мешуд, ки сокинон боқимондаи ғизову ҳама гуна ашёҳои нодаркорашонро ба дарёчаи шӯху равони Ромит партоянд. Иҷрои ин амал агар аз як ҷониб ин дарёчаи мусаффоро ифлос мекард, аз ҷониби дигар боиси сар задани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва паҳншавии он дар ҳудуди деҳа мегашт.

Толиб Давлатов омӯзгори фанни экологияи МТМУ №35 - и деҳаи Шораз мебошад. Ӯ зодаи ҳамин деҳа аст ва аз хурдӣ ҳавои тоза нафас мегирифт, вале вақтҳои охир аз дидани тӯдаи партовҳои ҳудуди деҳа табъаш хира мегашту худро ҳамчун омӯзгори фанни экология, ки рисолаташ ҳифзи табиат аст, гунаҳкор медонист. Ӯ мегӯяд, ки ин партовҳо ҳамзамон ангезандаи чанд бемории дигар ҳам буда метавонанд.

Толиб ба дидани ин ҳолат дигар тоқат карда натавонисту тасмим гирифт, ки идоракунии вазъи партовҳои маҳалли зисташро омӯхта, онро ба даст гирад. Бо ин мақсад ӯ дар як давраи омӯзиши даҳрӯза дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат”, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятиии “Маркази дастгирӣ ва омӯзиши ташкилотҳои ҷамъиятӣ” ташкил ва гузаронида шуд, ширкат варзид. Дар он давраи омӯзишӣ дар баробари Толиб, инчунин 60 нафар ҷавонони фаъол аз ноҳияҳои Восеъ, Ёвон, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Спитамен ва шаҳри Ваҳдат иштирок доштанд.

“Дар доираи ин чорабинӣ ҳамроҳи мо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва тарзи ба роҳ мондани муколамаи ҷамъиятиро омӯзониданд. Баъди ин ман омада, бо иштироки намояндагони ҷомеаамон муколамаи ҷамъиятӣ гузаронидам. Инчунин, ба иштирокчиён пурсишномаҳо дода, аз рӯи он муайян кардам, ки маҷрои оби ҳаммоми онҳо ба куҷо меравад, партовҳояшонро дар куҷо мепартоянд ва монанди ин. Ғайр аз ин, ба онҳо тарзи истифодабарии дурусти партовҳоро омӯхтам, ки ҳам ба худашон фоида ораду ҳам ба халқ зарар нарасонад. Мақсади мо тоза нигоҳ доштани маҳалли зистамон ва эмин нигоҳ доштани сокинон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ буд”, - мегӯяд Толиб.

Баъди ин чорабиниҳои оммавӣ, ки бо роҳбарии Толиб миёни сокинон гузаронида шуд, фаъолони ҷамоат бо ҳукумати маҳаллӣ гуфтушунидҳо гузаронида, бо ин васила яке аз мушкилоти асосии мавҷудаи ҷамоати деҳоти Чӯянгарон, яъне набудани ҷой барои партовгоҳ дар деҳаҳои ҷамоатро ҳал намуданд.

Толиб дар ин доира як гуруҳро аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли маҳал таъсис дода, бо занони хонашин ва сокинони маҳаллаҳо вохӯриҳо баргузор кард. Дар ин вохӯрӣ фаъолон доир ба ҷамъоварии алоҳидаи партовҳо, пешгирӣ аз омехташавии навъҳои гуногуни партовҳо бо ҳамдигар, роҳҳои умри дубора бахшидан ба партовҳо ва аз ҳама муҳим, гирифтани пеши роҳи ифлосшавии муҳити зист ва оби тозаи дараи Ромит ба сокинон маълумот доданд.

“Ҷамоат ба мо ҷой дод ва барои сохтани партовгоҳ имконият фароҳам овард. Мо ҳамроҳи аҳолӣ тавассути ҳашар партовгоҳро омода кардем”, - зикр кард Толиб. Ҳоло сокинон тарзи коркарди партовҳоро аз худ карда, роҳҳои осони ҷудокунии навъҳои онро меомӯзанд. Инчунин, партовҳои органикии ҷудокардаашонро барои ҳосили баланд додани заминҳои корами наздиҳавлигӣ истифода мебаранд. Бо ин роҳ ҳам ҳавои тоза нафас мегиранду ҳам худро аз зиндагӣ кардан дар ҳалқаи партовҳо раҳо менамоянд. “Бо дастгирии филиали Ассотсиатсияи Ҳелветас Свисс Интеркооперейшн мехоҳем, ки ба ҳадафи асосии худ – зиндагӣ дар маҳалли солим ва холӣ аз партов, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳаммаҳаллаҳои худ расем”, - мегӯяд Комил, ки сокини деҳаи Шораз аст.

Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат” – и Ҳукумати Швейтсария филиали Ассотсиатсияи Ҳелветас Свисс Интеркооперейшн дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 бо мақсади муайян ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқиву иҷтимоии дар байни аҳолӣ мавҷудбуда мониторинги иҷтимоӣ ва муколамаҳои ҷамъиятӣ мегузаронад. Дар доираи ин лоиҳа мутахассисон омодаанд, ба тамоми корафтодагоне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, холисонаву сари вақт кӯмаки худро расонида, мушкилоти онҳоро ҳаллу фасл намоянд. Айни замон, дар 34 ноҳия ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 бюрои давлатии ҳуқуқӣ ва 39 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият мекунанд, ки ҳамарӯза дар хизмати мардум қарор доранд. Шумораи нафароне, ки дар давраи фаъолияти марказҳои ҳуқуқӣ ёрии ҳуқуқӣ гирифтаанд, беш аз 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Агар шумо низ мушкилии ҳуқуқӣ дошта бошед, ба рақами 3040 занг занед ё ба сомонаи WWW.HUKUKIMAN.TJ ворид шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД