Sebiston new 2024 october
Устои гулдасте, ки аз пашми гӯсфанд танӯр месозад
782

 

Дар ҳар хонадони тоҷик барои пухтани нонҳои болаззат танӯр мешинонад. Дар дилкашу зебо баромадани нон нақши танӯр бузург буда, сохтани танӯр нозукиҳои худр дорад.

Танӯрҳои босифатро дар Истаравшан усто Маҳкамҷон Муродов месозад. Ин устои гулдаст 12-сол инҷониб бо танӯрсозӣ машғул буда, тамоми нозукиҳои ин пешаро медонад. 

Назар ба гуфти худи қаҳрамони мо, ҳафт пушташ ҳунарманд гузаштааст. Бобову бобокалонаш бо кулолгарӣ ном бароварда, чойнику пиёла ва табақу кӯзаҳои пурнақшу нигор месохтаанд. Маҳкамҷон Муродов мегӯяд, зарфҳои сафолии сохтаи бобояш шӯҳрати зиёд доштанд ва ҳатто аз дигар минтақаҳо барои харидани ин чойнику пиёлаву кӯзаҳои нақшин меомадаанд. 

"Аз бозе, ки худро мешиносам, падарам дар хонаамон аз гил танӯр месохтанд, вале пеш аз ба ҳунари танӯрсозӣ рӯй овардан бо кулолгарӣ машғул будаанд. Бо мурури замон талаботи мардум нисбат ба ашёҳои сафолӣ кам шуда, падарам баъдан ба танӯрсозӣ машғул шудаанд. Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ падарам ба ман нозукиҳои ҳунари худро меомӯзонданд, лекин дар сохтани танӯр камтар маро ба кор ҷалб мекарданд, зеро яккаписар будам ва намехостанд, ки маро кори зиёд фармуда ба қавле кркӯфта кунанд, аммо ман худам ба гиру монашон зеҳн монда, нозукиҳои ҳунари танӯрсзиро омӯхтам”-қисса мекунад Маҳкамҷон Мурдов. 

Назар ба гуфти усто Маҳкамҷон ҳарчант тамоми нозукиҳои ҳунари танӯрсозиро мустақилона омӯхта бошад ҳам, агар падараш дар наздаш бошад, аз шарм дасту по хӯрда, худро гум мекардааст. Падар дар чунин ҳолатҳо аз дурӣ ба кру бори писараш назорат намуда, баъдаг чи хато карданашро мегуфт ва ҳамин тавр Маҳкамҷон сирри асрори ин касбро аз худ намуда, устои моҳир шудааст. 

Дар ҳар минтақа мардум навъҳои гуногуни танӯрро истифода мебаранд. Дар ҷануби кишвар имрӯзҳо бештар танӯрҳои сементӣ сохта мешавад, вале мардуми шимол бештар аз анъанаи бобоӣ истифода бурда, танӯрҳои гилин месозанд. Маҳкамҷон Муродов низ бештар бо сохӯтани танӯрҳои гилӣ машғул аст ва дар сохтани танӯр аз хоки зард, гили бӯтта ва пашми гӯсфанд истифода мебарад. Танӯрҳои сохтаи усто Маҳкамҷон ба воситаи ангишт хушконида мешавад. 

"Ҳангоми хушконидан агар ба танӯр нури офтоб расад, сифати танӯр паст мешавад" - мегӯяд ин устои гулдаст. 

 Дар баробари сохтани танӯрҳои гилии хушсифат барои пухтани нон усто Маҳкамҷон Муродов ҳамчунин барои пухтани самбӯса танӯрҳои махсус месозад. 

"Аз оғози фасли баҳор то охири тобистон ва баъзан нимаҳои тирамоҳ мо бо сохтани танӯр машғул мешавем, яъне то он замоне, ки мавсими сардӣ оғз меёбад. Азбаски танӯрҳои мо аз гил сохта мешаванд, дар фаслҳои тирамҳу зимистон сохтану хушкониданашн имкон надорад, чунки сифати танӯр хуб намебарояд”-мегӯяд усто. 

Маҳкамҷон Муродов ҳунари худро ба фарзандонаш низ омӯзонидааст. Имрӯз онҳо аллакай ёвари падар гаштаанд. "Шукри Худо писаронам аз ин ҳунар баҳравар гаштаанд ва имрӯзҳо ҳамчун ёвар ба ман кӯмак мекунанд."-мегӯяд акои Маҳкамҷон. 

Азбаски танӯрсозӣ кори мушкил аст, кам нафарон барои омӯхтани ин ҳунар ба ӯ муроҷиат мекунанд, вале қаҳрамони мо мехоҳад ба дигарон низ ҳунари худро омӯзонад, то ҳунари танӯрсозӣ аз байн наравад. 

Мо ба усто Маҳкамҷон Муродов барори кор мехоҳем.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД