Arzon march 2024
Ҳушдори КҲФ аз фоҷеаҳои эҳтимолии истифода аз ангишт
20.12.2024
ОИЛА.ТҶ
297

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишварро аз фоҷеаҳои эҳтимолии истифода аз ангишт ҳушдор дод.

- Оғози фасли зимистон ва фаро расидани фасли сард инсонҳоро бояд бештар ботаваҷҷуҳ кунад. Истифода аз маводи сӯхт барои гарм кардани хонаҳо ё дастгоҳҳои барқӣ қоидаҳои худро доранд. Бахусус истифода аз дастгоҳҳои худсохти барқӣ метавонанд сабабгори сӯхтор шавад. Истифода аз ангишт масъулияти бештар талаб мекунад. Ин василаи гармидиҳанда, ки дар кишвар бисёриҳо аз он истифода мекунанд, илова ба он ки муфид асту як воситаи хуби наҷот аз сардист, дар сурати риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ метавонад маргбору кушанда бошад,- мегӯяд манбаъ.

- Худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед! Ҳамеша дудбарои бухориҳоро назорат кунед, онҳоро сари вақт тоза намоед!,- ҳушдор медиҳад КҲФ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД