Arzon march 2024
Ҳушдор оид ба пайдоиши версияи нави вируси "Омикрон"
710

 

Сатҳи сирояти коронавирус дар саросари ҷаҳон дар як моҳи охир якбора 80 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Созмони Умумуиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар дод.

Ин созмон қаблан ҳушдор дода буд, ки варианти нави штамми OMicron EG.5 коронавирус бо номи "Эрис" босуръат паҳн мешавад ва СУТ инро назорат мекунад.

"Эрис" штамми мустақили вирус нест. Он версияи навбатии “Оmicron” аст, ки дар соли 2021 пайдо шуда буд.

СУТ гуфт, ки варианти нави коронавирус "таҳти назорат" аст. Ба иттилои ин ниҳод, ин версия нисбат ба пешгузаштагони худ - "Кракен" ва "Арктурус" боз ҳам сирояткунандатар ва дорои қобилияти "пайдо кардан"-и иммунитети қаблан таҳияшуда аст.

Иммунологи рус Николай Крючков дар як матлабаш гуфтааст, дар воқеъ, ин як зерхатти нав дар дохили омикрон аст, ки ба таври эволютсионалӣ аз ҷиҳати сироятӣ такмил дода шудааст ва тақрибан якхела ва марговар аст.

Нишонаҳои беморӣ дар сурати сироятёбӣ бо штамми Эрис ҳамон тавре ки дар вариантҳои қаблӣ буданд: сулфа, дарди сар, оби бинӣ, атса задан, табларза, дарди гулӯ, ва эҳсоси тангӣ дар қафаси сина мебошанд. Аммо, дар одамони дорои системаи иммунитети заиф ва баъзе шахсони осебпазир, беморӣ метавонад ба оқибатҳои вазнинтар оварда расонад.

Ҳоло аз таъсири "Эрис" дар Чин 340 нафар, Британияи Кабир 500 нафар ва Русия 205 нафар ҳалок шудаанд. Дар маҷмӯъ, нишонаҳои он дар 51 кишвари ҷаҳон пайдо шудааст.

Анна Попова, роҳбари "Роспотребнадзор"и Русия дар мусоҳиба бо ТАСС гуфтааст: "Мо тахмин мекунем, ки дар тирамоҳ, мисли ҳамасола, афзоиши гирифторӣ ба сироятҳои шадиди роҳи нафас, аз ҷумла сирояти нави коронавирусро мушоҳида мекунем."

Попова мушаххас накардааст, ки ҳоло ин беморӣ чӣ гуна аст ва он дар тирамоҳ чӣ қадар афзоиш меёбад. Интишори омори ҳаррӯза дар Русия аз моҳи майи соли 2023 қатъ шуд.

Баҳори соли 2023 СУТ эълон карда буд, ки вазъи пандемияи ковидӣ бардошта мешавад, аммо ин маънои онро надорад, ки хатар комилан аз байн рафтааст.

"Се моҳ пеш ман эълон кардам, ки COVID-19 дигар як ҳолати фавқулоддаи глобалии саломатӣ нест, гарчанде ки он ҳамчун як таҳдид боқӣ мемонад", - гуфт директори генералии СУТ Тедрос Гебрейюс дар брифинги матбуотӣ рӯзи 9 август.

Ӯ қайд кард, ки хатари гирифторӣ ба COVID-19 имрӯз нисбат ба як соли пеш, бинобар рушди иммунитет тавассути ваксина, сирояти табиӣ ё ҳарду ва инчунин ташхиси тезтар хеле камтар буда, табобат самараноктар аст.

Директори генералии СУТ ҳамчунин таъкид кард, ки хатари пайдоиши ҳар як варианти хатарноки вирус, ки метавонад боиси якбора афзоиши шумораи ҳодисаҳо ва марг гардад, то ҳол боқӣ мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД