Formula novemver 2024
USAID дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатарро дар ноҳияи Ёвон устуворона афзоиш медиҳад
13.06.2024
ОИЛА.ТҶ
429

 

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар деҳаи 1-уми майи ноҳияи Ёвон марҳилаи аввали сохтмони шабакаи таъмини оби нӯшокиро ифтитоҳ кард.

То оғози лоиҳа деҳаи 1-уми май шабакаи муттамаркази оби нӯшокӣ надошт. Аҳолии деҳа барои эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи худ аз оби борон ва оби каналҳои обёрикунӣ истифода мебурданд. Онҳо инчунин барои истеъмолу истифодаи рӯзгор аз оби интиқолӣ истифода мебурданд. Нархи оби интиқолӣ барои як мошин 250-300 сомонӣ ё худ 25 доллари амрикоиро ташкил медод, ки ин нарх барои бисёре аз хонаводаҳо гарон буд.

Ҳамакнун 3575 нафар сокин, инчунин як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаи тиббӣ дар натиҷаи сохтмони шабакаи нав ба оби тоза дастрасии доимӣ пайдо мекунанд. Ин яке аз 12 шабакаи таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот ба шумор меравад, ки аз ҷониби USAID тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҷдид ва дастгирӣ гардида, нигоҳдорӣ ва устувории он таъмин мегардад.

Бо мақсади таъмин намудани устувории шабакаи мазкур, USAID барои баланд бардоштани иқтидори оператори деҳаи 1-уми май дар таҳияи нақшаи тиҷоратӣ барои рушди шабакаи таъмини об, муаррифӣ намудани низоми пардохти электронӣ ва насби обченкунакҳо мусоидат намуд.

Дар маросими ифтитоҳ хонум Нэнси Эслик - Ҳамоҳангсози ҷаҳонии USAID оид ба масъалаҳои об қайд намуданд: «Мо беҳбудии назаррасро дар ҳаёти сокинон таҷлил мекунем, зеро сокинони деҳаи 1-уми май бори аввал ба шабакаи таъмини оби нӯшокӣ пайваст шуданд. Мо аз ин дастгирӣ ифтихор мекунем ва ба муносибати муштарак дар идоракунии захираҳои об эътимод дорем. Мо операторони шабакаҳои таъминоти об, истеъмолкунандагон ва мақомоти маҳаллиро ҳамчун як системаи бо ҳам алоқаманд мебинем. Иштироки фаъоли ҷонибҳои манфиатдор дар ҳама сатҳҳо боиси таъмини устувор ва боэътимоди хидматрасонӣ мегардад”.

Дар зарфи панҷ соли охир USAID 30 шабакаи таъмини оби нӯшокиро дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид намуд, ки ин шабакаҳо беш аз 100 000 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд. USAID дастрасии аҳолии кишварро бо оби тозаи нӯшокӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон афзоиш медиҳад.

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад.

Барои маълумоти бештар торнамои USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/-ро мутолиа намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД