Formula novemver 2024
ҲУРИЯ: ҚАРИБ БА ДОМИ ТАҒОИ ДУХТАРБОЗАМ МЕАФТИДАМ!
9565

Ҳар як инсон дар дилаш орзуву умед мепарварад, мехоҳад ишқи пок ва бахти сафед насибаш гардад. Ман ҳам бо умеди фардои нек бо Мирзо ном ҷавоне тариқи телефон шинос шуда, хаёлан қасри бахт месохтам.

Мо қариб як сол бо ҳамдигар соатҳои дароз суҳбат карда, аз ишқу муҳаббат ҳарф мезадем. Мирзо чандин маротиба маро ба мулоқот даъват кард, вале аз тарси он ки мабодо касе аз пайвандонам маро бо ҷавони ношинос дида, мурдакӯб накунад, рад мекардам.

Аз тарс ба Мирзо номамро дурӯғ гуфта бошам ҳам, ният доштам, ки баъди ба хонаамон хостгор фиристоданаш ҳамаашро ба ӯ мефаҳмонам, вале… Меҳру муҳаббати мо рӯз то рӯз амиқтар мегашт ва билохира мани дилдода сабру қарор аз даст дода ба вохӯрӣ бо Мирзо розӣ шудам. Ҳамон рӯз ончунон хурсанд будам, ки гӯё болу пар бароварда бошам. Худамро орову торо дода каме пештар аз вақти муайяншуда ба ҷойи мулоқот рафтаму дар паси дарахте пинҳон шудам. Мехостам ҳамааш мисли филмҳои ҳиндӣ аҷибу хотирмон гузараду Мирзо маро кофта-кофта аз байни гулҳо ёбад. Дилам аз шавқи дидор дар қафаси сина мисли кабки дарӣ пар-пар мезад. Ниҳоят Мирзое, ки мани сода як соли умрамро бо умеди дидораш бо хаёлҳои ширин сипарӣ карда будам, расида омад ва маро дар ҷойи мулоқот надида, телефонашро аз кисааш баровард, то занг зада дар куҷо буданамро пурсон шавад.

Вақте чашмам ба чеҳрааш афтид, дар ҷоям шах шуда мондам. Забонам лол гашта, мадори дасту пойҳоям хушк шуданд. Мирзое, ки ман дар орзуи дидор ва ошиқи зораш будам, бегона не, тағои худам будааст, ки ҳамеша «тағо» гуфта ҳурмату эҳтиромаш мекардам. Тағои гӯрсӯхтаи ман марди 55- солаи соҳиби зану фарзанд ва келину домоду набераю чабера бошад ҳам, шарм надошта, духтар «шикор» мекардааст ва сайди навбатиаш ман будам. Азбаски ман номамро дурӯғ гуфта будам, вай маро кадом як духтари бегона гумон карда, як соли дароз бо афсонаҳои ширини ошиқона сарамро гиҷ мекардааст. Алами диламро базӯр фурӯ бурда, телефонро хомӯш кардаму аз роҳи дигар аз боғ баромада ба хона омадам. Хориам омада ба ҳоли худ зор-зор гирякунон ба чунин мардони дурӯғгӯю фиребгар лаънат хондам.

Аз ин воқеа қариб ду моҳ гузашта бошад ҳам, ҳанӯз ба худ наомадаам, барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат намудам, ки аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам. Занг зада шайтониашро ба рӯяш кашам ё ҳаволаи тағои духтарбозамро ба Худо супорам?

Ҳурияи ноумед, бесуроға.                                                                                                                                                                

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД