Formula novemver 2024
ҚУРБОНИ СОБИР УНВОНИ НАВ ГИРИФТ!
2022

Имрӯз дар доираи таҷлили 90 – солагии кинои тоҷик Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, доктори улуми санъат, устоди саҳна профессор Қурбони Собир бо нишони сарисинагии “Аълочии кинематографияи тоҷик” сарфароз гардид.

Ин ташаббуси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар остонаи ҷашни 90 - умин солгарди ин муассиса аз сӯйи роҳбарияти он таъсиси нишони “Аълочии кинематографияи тоҷик” мебошад, ки ин барои хизматҳои шоиста дар театру синамо ба ҳунарпешаҳо дода мешавад.

Қурбони Собир 8 марти соли 1961 дар деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро мебошад. Фаъолияти эҷодиаш аз театри шаҳри Қурғонтеппа оғоз шудааст ва баъдан ҳамроҳ бо устодаш, ҳунарманди шинохта ва номдори тоҷик Фаррух Қосимов ба таъсиси театри нав бо номи «Аҳорун» камар бастааст. Вай баъдан дар Театри академӣ - драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидови шаҳри Душанбе ва Театри шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.

Қурбони Собир нақшҳои хотирмони зиёд офаридааст, вале аз назари худи ӯ нақши Юсуф аз намоиши «Юсуфи гумгашта….»-и Фаррух Қосим, Тартюф аз намоишномаи «Тартюф»-и Жан Батист Молер, Лир аз "Шоҳ Лир-и Шекспир, Яго аз «Отелло»-и Шекспир, Темурмалик аз «Нангбардори Хуҷанд»-и Меҳмон Бахтӣ, «Шапарак хоб дид», аз рӯи асари Темур Зулфиқоров, ки коргардони хушсалиқа Барзу Абдураззоқов таҳия кардааст, «Ҷазирбод»-и Ҷумъа Қуддус, ки Д. Убайдуллоев ба саҳна гузоштааст, муваффақтарин офирадҳои саҳнавии ӯ маҳсуб мешаванд.

Мухлисонаш ӯро дар синамо низ зиёд дидаанд ва чеҳраҳои мондагоре, ки дар филмҳои: «Дар орзуи падар»,"Ормонҳо", «Пой дар гил»,"Ал-Бухорӣ, «Синон», филмҳои эронии «Шукрона», «Дар чашми бод», филми русии, "Если не мы то кто?, филми қазоқии «Қара маёр» офаридааст, дергоҳ дар хотири бинандагонаш нақш бастаанд.

Қурбони Собир Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, доктори улуми санъат, профессор аст. Муаллифи китобҳое чун: «Фаррухнома» (соли 2007), «Дардҳои паси парда», (соли 2010) ва «Як ҷоми пур аз дард», (соли 2011) мебошад. «Фаррухнома» ёдкарде аз ҳунарманди нотакрор Фаррухи Қосим аст, ки аз ҷумлаи устодони худ медонад ва ба ҳунар ва шахсияти ӯ эҳтироми холисонаву баланд қоил аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми октябри соли 2020 Рӯзи кинои тоҷик ва 90-солагии «Тоҷикфилм» дар Кохи Наврӯз бо тантана таҷлил гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД