Sebiston new 2024 october
Қурбоқа шӯ дорад, обрӯ дорад гуфтаму...
19.03.2022
ОИЛА
4881

Салом ба мулли муштариёни сомонаи “Оила!
Ман як зани аз бахт бенасиби тоҷик мехоҳам сарнавишти худро ба шум қисса кунам, то ба дигар духтарни тоҷик дарси ибрат гардад.

Духтари зебою ҳунармнад будам ва ҳанӯз аз синни синни 17-солагӣ хостгорон дари хонаамонро охурча карда буданд, аммо назарам касеро намегирифт. Ҳамин тавр аз байн чанд сол гузашт ва вақте ба синни 21 қадам гузоштанам, модарам дигар розигии маро напурсида, хостгории зани ношиносеро қабул намуд. Дар байни як ҳафта моро фотеҳа намуданд гуфтанд, ки баъди 10 рӯз туямон баргузор мешавда.

Вақте кабл аз тӯй моро шинос карданд, аз шарм бо домодшаванда гап зада натвонистам. Бори дуюм ҳангоми ба идораи ақди никоҳ ариза бурданамон инсони бад буданашро дарк намудам. Ба хона омада, гиря карда гуфтам, ки зани чунин ҷавони дағал намешавам.

Вале модарам доду вой бардошт, ки агар фотеҳаро гардонем, мардум ба ҳоламон механданд. Аз рӯзи аавали туямон шавҳарам заҳрзанияшро сар карда, мегуфт, ки “ту барои чӣ дарҳол барои зани ман шудан розигӣ додӣ, ту ягон бало доштӣ”. Ҳол он ки худашон бемории падарашро баҳона карда, тӯйро тезонида буданд.

Қурбоқа шӯ дорад, обрӯ дорад гуфта, ду моҳ бо ҳамин аҳвол зиндагӣ кардам, вале шавҳарам одати бадашро напартофта, ҳар рӯз бо ман муноқиша мекард ва ҳатман ягон баҳона ёфта, ҳафтае як ё ду маротиба маро зери мушту лагад мегирифт. Модараш маро насиҳат карда мегуфт, ки писарашро касе ҷоду кардааст.

Ҳол он ки шавҳарам худаш бадфеъл буду на танҳо маро, балки хоҳаронашро низ мудом лату кӯб мекард. Гумон доштам, ки баъди тавлиди тифламон шавҳарам тағйир меёбад, вале гумонам ғалат баромад. Билохира, тифли 4-моҳа дар батн аз ӯ ҷудо шудам. Айни замон духтарам 10-сола шудааст, аз он ки бо чунин мард зиндагиямро давом надодам, заррае пушаймон нестам. Ба ҳамаи бонувон гуфтан мехоҳам, ки ҳеҷ гоҳ зулму таҳқири шавҳарро тоқат накунед. Худро бо марди золиму даранда бемору ба касе нодаркор накунед.

Саводу касбу кор омӯзед, меҳнат кунед, барои бори дуюм шавҳар кардан шитоб накунед. Бовар кунед, рӯзе ҳатман хушбахт мегардед.
Дилноза

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД