Ҳунарпешаи маъруфи ҳиндӣ Сайф Алӣ Хон шаби 16-уми январ аз сӯи ҳамлаваре дар манзили зисташ дар шаҳри Мумбай шаш зарбаи корд хӯрдааст.
Бино бар иттилои расонаҳои ҳиндӣ, ин ҳодисаи нохуш субҳи барвақт, замоне ба амал омадааст, ки Сайф Алӣ Хони 54-сола ҳамроҳи ҳамсараш, ситораи Болливуд Карина Капур, ду писари хурдсолаш ва хизматгорзан дар хона будаанд.
Ҳамлавар бо ҳадафи дуздӣ ба манзили зисти оилаи ситораҳои ҳиндӣ ворид шудааст.
Гуфта мешавад, ки Сайф Алӣ Хон бо ғоратгар дастбагиребон шуда, дар натиҷа бо шаш зарби корд маҷруҳ гардидааст. Яке аз захмҳо дар наздикии сутунмуҳра будааст.
Ҳунарпешаро ҷарроҳӣ кардаанд. Пулис ҳодисаро таҳқиқ дорад.