Arzon march 2024
ҲУНАРПЕШАИ КАНАДАГӢ ДИГАР ЗАН БУДАН НАМЕХОҲАД
1199

 

Эллен Пейҷ, коргардон ва ҳунарпешаи 33-солаи канадагӣ бори аввал чеҳраи мардонаи худро нишон дод. Ӯ дар саҳифаи Инстаграмаш аксеро бо симои мардона нашр карда, ба мухлисону ҳаводоронаш барои дастгириашон изҳори миннатдорӣ кардааст.

“Аз сидқи дил ташаккур мегӯям. Муҳаббат ва дастгирии шумо бароям туҳфаи пурарзиш аст. Худро эҳтиёт кунед, ҳамдигарро дӯст доред ва дастгирӣ кунед”,-навиштааст Эллен дар Инстаграм. Ҳунарпеша ҳанӯз соли 2014 ҳамҷинсгаро будани худро эътироф карда, соли 2018 бо Эмма Портнер, раққосаи 26-солаи канадагӣ оила барпо карда буд. 1-уми декабри соли ҷорӣ Эллен дар саҳифаи Инстаграмаш бори дигар ёдовар шуд, ки аз ин ба баъд зан будан намехоҳад ва бо ҳамсараш, ки ӯ ҳам зан аст, ҳамчун мард муносибат мекунад. Ҳамчунин, ҳунарпеша номи худро бо номи мардонаи Эллиот иваз намудааст.

Эллен Пейҷ аз соли 1997 то ҳол дар зиёда аз 50 филм нақш офарида, яке аз машҳуртарин ҳунарпешаҳои Канада ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД