35 years of independency
Ҳунарпеша ва сарояндаи машҳури фаронсавӣ Марина Влади даргузашт
25.09.2026
Oila.tj
38

Ба иттилои хонаводаи Влади, ӯ рӯзи панҷшанбе дар сини 89-солагӣ даргузашт. Марина Влади дар хона, дар иҳотаи наздикон ва ҳайвоноти хонагиаш аз дунё гузашт.

Марина Влади дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ дар беш аз 100 филм нақш офаридааст. Аз маъруфтарин филмҳои ӯ метавон ба «Ҷодугарзан» ва «Қиссаи муосир, ё Маликаи занбӯрон» ишора кард.

Дар Иттиҳоди Шуравӣ ва кишварҳои пасошуравӣ номи Марина Влади ҳамчунин бо шоир, ҳунарпеша ва мусиқинависи шуравӣ Владимир Висотский пайванди наздик дорад. Онҳо аз соли 1970 то соли 1980 бо ҳам издивоҷ карда буданд.

Пас аз даргузашти Висотский, Влади дар бораи ӯ китоби «Владимир, ё Парвози қатъшуда»-ро навишт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД