Arzon march 2024
Ҳунарпеша аз хизмати содиқона ба қодирона мегузарад
1893

Зулфия Содиқова, ҳунарпешаи Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ва директори «Хонаи кино», ситораи маъруфи санъату театр насабашро расман иваз кард.

Ӯ зимни як мусоҳибаи ихтисосиаш гуфт, минбаъд дар шиносномааш ба ҷойи Содиқова насаби Қодирова навишта шудааст.

“Дар театр гуфтанд, ки шиносномаҳоятонро нусха карда, оред. Чун нусхаҳои шиносномаҳоро ба театр бурдем, гапи ивази онҳо ба шакли пластикӣ баромад. Ҳамонҷо қарор додам, ки шиносномаамро иваз мекунам ва ба ҷойи лозима рафтам. Чун ҳуҷҷатҳои даркориро бурдам, масъуле гуфт, ки шумо аз «Содиқова» ба «Қодирова» мегузаред, зеро соли 1991 вақте ки ақди никоҳи расмӣ бастед, насаби шавҳаратонро қабул карда будед. Хонаи ақди никоҳ рафтам. Дар хонаи ақди никоҳ дар навбат будам, ки зане дар паҳлуям нишаст ва аз ҳолатам бохабар шуд. Пас аз гӯш кардан, ором гуфт, ин насабро қабул кунед, зиндагӣ кирои даводав надорад. Гапи ҳамон зан ба ман сахт таъсир кард ва шиносномаи навамро ба насаби «Қодирова» гирифтам. Инак, ман пешопеши 55-солагӣ насабамро иваз кардам”, - гуфт ҳунарпеша.

Бояд гуфт, ки ҳунарманд соли 1991 оиладор шуд ва аз ҳамон вақт дар хонаи ақди никоҳ расман ба насаби шавҳараш - Қодирова гузашт, вале дар шиноснома то ҳол Содиқова боқӣ монда буд.

Ӯ гуфт, дар муддати 32 соли зиндагӣ ду маротиба шиносномаашро иваз кард, аммо боре аз ӯ шаҳодатномаи ақди никоҳ напурсида буданд ва аз рӯйи шиносномаҳои кӯҳна ному насабашро навишта медоданд.

Вақте ки дар нуқтаи шиносномадиҳӣ ба қабули насаби Қодирова розӣ шудам, фикр кардам порае аз баданамро канданд. Ҳоло ҳам ба худ наомадаам ва мехоҳам то ба худ омадан насабам «Содиқова-Қодирова» навишта шавад”, - гуфт ҳунарпеша.

Ӯ ёдовар шуд, ки то ҳол ҳеҷ кас аз театр намедонад, ба ҷуз Мавлона Наҷмиддинова ва вақте инро ба ӯ нақл кардааст, Мавлона гуфтааст, то ин дам ба Ватан содиқона хизмат кардӣ, акнун қодирона хизмат мекунӣ.

Ёдовар мешавем, ки Зулфия Содиқова 23 январи соли 1968 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1985 пас аз хатми мактаби №23-и пойтахт ба шуъбаи ғоибонаи гурӯҳи коргардонии Донишкадаи фарҳангу санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Баъд аз як соли таҳсил аз шуъбаи ғоибона ба рӯзона гузашт.

Соли 1987 аз имтиҳони махсус гузашта, ба Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Михаил Шепкини шаҳри Маскав дохил шуд. Пас аз хатми донишкада ба Душанбе омада дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор шурӯъ кард. Баъдтар ба Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ва пас аз соли 2000 чанд муддат якбора дар се театр, ҷавонон, академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва драмавии русии ба номи В. Маяковский фаъолият намуд.

Аз соли 2008 котиби масъули Кинофестивали байналмилалии «Дидор», аз соли 2011 директори «Хонаи кино» ва ҳамзамон, ҳунарманди Театри драмавии ба номи В. Маяковский аст.

Оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст, ки ҳамагӣ насаби Қодировро доранд. Бо медали «Хидмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Давлат 2023-10-13, 16:02
Холашка киай нашнохтмш рости?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Давлат 2023-10-13, 16:02
Холашка киай нашнохтмш рости?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД