Ҳунарманде бо ҳунари нотакрор
355

Аз азал ҳунармандони тоҷик ҳунарҳои миллии худро ҳифз карда, ба наслҳои оянда мерос гузоштаанд. Ҳар як ҳунари миллӣ гӯё оинаест, ки таърих, фарҳанг ва завқи зебопарастии ин миллати кӯҳанбунёдро инъикос мекунад. Дар миёни ин ҳунарҳои зебо дукчигарӣ мақоми хос дорад.

Сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд Ҳайдарҷон Ахмедов солҳост, ки бо ин пеша машғул буда, баҳри ҳифз ва рушди ин ҳунари қадима саҳм мегузорад.

Хабарнигори сомонаи Oila.tj бо ҳунарманд ҳамсуҳбат шуда, атрофи фаъолияти эҷодӣ, навъҳои ҳунари дукчигарӣ ва рушду нумӯи ин пешаи қадима нақл кард.

Ҳайдарҷон Ахмедов 43 сол дорад. Зиёда аз 20 сол аст, ки ӯ ба коркарди бадеии чӯб машғул аст. Ба қавли ҳунарманд, пешаеро, ки шуғл меварзад, дукчӣ меноманд. Дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара кӯчае бо номи Дукчӣ гузошта шудааст. Қаҳрамони мо ҳам зодаи ҳамин кӯчаву диёр аст. Дукчигарӣ барои усто Ҳайдарҷон ҳунари меросист. Ин пеша аз ҳафт пушташ аз насл ба насл гузашта, ба ӯ мерос мондааст.

"Ҳунареро, ки мо ба он машғулем, "дукчӣ" меноманд. Он асосан коркарди бадеии чӯбро дар бар мегирад. Дукчигарон аз қадим аз наъҳои гуногуни чӯб армуғон, табақ, кӯза, нонпар, косаву пиёла ва умуман ашёи рӯзгорро омода мекарданд. Ин пеша ба мо аз бобову бобокалонам мерос мондааст. Падарам аз саҳар то бегоҳ сари дастгоҳ нишаста, аз чӯби одӣ чизҳои олӣ месохтанд, ки кас аз диданаш ангушти ҳайрат мегазид. Синфи шаш будаму ба кори падар бо диққат нигариста, ҳунарашро меомӯхтам",- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Назар ба гуфти Ҳайдарҷон Ахмедов, падараш шаш-ҳашт намуд маҳсулоти чӯбӣ омода мекарду ҳоло бошад, ӯ намунаи ҳунарҳои дастияшро ба 25 адад расонидааст. Алҳол ӯ навъҳои гуногуни ашёи рӯзгор, аз ҷумла тахтаву тирак, нонпар, чӯба, косаву пиёлаву табақ, кӯза, мевамонак, ҷувозча, ҳован, тахтачаи сабзимайдакунӣ ва армуғонҳои гуногун омода месозад.

Ҳайдарҷон Ахмедов барои сохтани ашёи гуногун бештар аз чӯби дарахтони чинор, чормағз, тут, нок, себ, зардолу, бед ва дигар навъи чӯбҳои мустаҳкам истифода мебарад. Ба қавли ӯ, “ҳар як чӯб хосияти худро дорад” ва интихоби дуруст сабаби зебоӣ ва устувории маҳсулот мегардад.

"Барои сохтани маҳсулоти гуногуни чӯбӣ аз ду соат то як-ду моҳ вақт сарф мешавад. Зеро баъзе навъи маҳсулотро барои зебову ҷилодор шуданаш вақти зиёд лозим аст. Ҳоло мо оилавӣ бо ин пеша машғулем. Занҳо низ барои зебову ҷилодор шудани маҳсулоти чӯбиямон кумак мерасонанд. Ҳатто онҳо мустақилона аз чӯб армуғон ва ашёи гуногуни рӯзгорро омода месозанд",- нақл кард ҳунарманд.

Ҳайдарҷон Ахмедов ҳоло дар дӯкони кории падараш ба корҳои эҷодӣ машғул аст. Ӯ мехоҳад оянда дӯкони кории худро таъсис диҳад ва ҷавонону наврасони ҳунардӯстро ба омӯзиши ҳунар ҷалб намояд. Ҳамзамон, барои намоиши дастранҷаш хонамузей таъсис диҳад.

Ҳайдарҷон Ахмедов борҳо дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ иштирок карда, ғолиб омадааст. Аз ҷумла соли ҷорӣ бо дипломи "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" дар шаҳри Исфара қадрдонӣ шудааст. Мавсуф барои хизматҳои шоиставу шоёнаш борҳо бо сипосномаю ифтихорномаи МИҲД-и шаҳру вилоят мукофотонида шудааст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД