Ӯ ба одамони аз наздаш гузашта истода бо ҳавас нигариставу ашк дар чашмонаш бе ихтиёр чарх мезад. Замоне вай ҳам хамин хел озодаву пероста ҳар субҳ ба кор мешитофт.
Хӯроки лазизтаринро дар тарабхонахои бошукуҳи шаҳр истеъмол мекард. Маъшуқаҳои зиёде дошт. Зиндагияш ба қавле шоҳона мегузашт. Зану духтаронаш гули хӯроку пушокро мехӯрданду мепушиданд. Одамони нодору камбизоатро ба хонааш роҳ намедод. Ду хизматгор дошту онҳо тамоми корҳои хонаро ба сомон мерасониданд. Чунин зиндагиро атрофиён танҳо орзу мекарданду халос. Абу шояд он вақтҳо шукр накард, ки худованд ба чунин ҳолу рӯз овардаш. Имрӯз ӯ ҳамнафаси сагона дайдуи кӯчагиву калламӯшҳои сарсон гардидааст. Абу як ба куртаи даридаву ифлосаш нигариста,оҳи сарде кашид. Меъдааш аз гушнаги сузиш дошт.
Боз ба кофтани кути лоямуте дар партовгоҳ пардохт. Ғайр аз пучоқи пиёзу картошка дигар ҳама маҳсулоти партофташударо аллакай дигар бомжҳо рабуда буданд. Абу ноумед назди дари партовгоҳ нишаст. Ана зани хилъати қиматбаҳо пушидае омада,сатили партовдорро оҳиста пару рехт. Нигоҳаш ба Абу фитоду чашмпесон кард. Абу ҳарисона ба ҷустуҷӯйи дохили партови нав овардашуда афтод. Ду тухми бутуну вайроншударо ёфта хурсанд шуд. Кош ҳозир аловдоне медошту ин тухмҳоро бирён карда мехурд. Кош.. акнун маҷбур аст, ки хомохом дамашро дарун кашида ин тухмҳои бадбӯйро фурӯ барад. Пас аз фурӯ бурдани тухмҳо якбора дилаш беҳузур шуд. Пас аз каме ба худ омадан боз ба ёди лахзаҳои ширин гузашта рафт. Яхдони пурҳасибу пургушт, тухми моҳиву анвои гуногуни нушокиҳо пеши назараш омаду сараш чарх зад. Абу аз ҳамсараш ҳамаги ду духтар дошт. Ҳарчанд ба фолбину духтурони зиёде даводави ҳам карда бошанд, дигар занаш фарзанд таваллуд накард. Барои писардор шудан, Абу зани дуюм гирифт. Зани аввали аз зангирии шавҳар дарак ёфта шӯру мағал бардошт. Зиндагии ширин оилавии Абу заҳр гашт. Чун мансаби гирифтааш аз боиси падарарӯси сарватмандаш буд, забони занаш дароз, ҳавлиро ба номи худаш кард. Ду хонаи чорҳучрагии дар маркази шаҳр бударо низ ба номи духтаронаш гузаронид. Духтаронаш ҳам муқобилаш баромаданд. Хусуру хушдоманаш маҷлиси оилави гузаронида, огоҳи доданд, ки ё ҷавоби зани дуюмашро диҳад ё аз хона баромада равад! Албатта барои Абу мансабу боигари қимматтар буд.
Бинобар ин аз баҳри зани дуюм тамоман баромад. Ин дам аллакай зани дуюмаш ҳомиладор буду рузҳои башумори таваллуд карданаш боқи монда. Вақте ки Абу калимаи «талоқ»-ро ба забон гирифт, зани дуюм доду вой вой бардошта, рагҳои хунгарди дастонашро бурид. Ӯро падару модараш ба беморхона бурданд, вале вай дар роҳ бо тифли батнаш ҷон дод. Хешу наздикони зан Абуро ба маҳкама кашиданду вай панҷ соли томро дар маҳбаси торик гузаронид. Зану духтаронаш ягон бор ба маҳбас наомаданд. Занаш дар ин байн бори дигар шавҳар карда, бо айшу ишрати худаш банд буд. Духтаронаш низ ба шавҳар баромада, яке дар хоричи кишвару дигаре дар Русия зиндагони доштанд. Чун Абу худ бепадар калон шуда буду касе надошт, баъди раҳои аз маҳбас намедонист ба куҷо раваду аз ки мадад ҷӯяд. Ба назди ҷураҳои ҳамқадаму сарватмандаш рафт, вале ӯро ба хонаашон роҳ надода пешаш карданд. Маъшуқаҳои собиқаш ҳам Абуро аз дар ронданд. Сарпаноҳе надошт, ки шабашро рӯз кунад. Нахустин шаби оворагардиаш дар вокзали роҳи оҳан оғоз ёфт. Хост мардикори карда пул ёбад, вале пойҳояшро дар маҳбас хунук зада буд. Аз дасташ кори вазнини ҷисмони намеомад. Ноилоҷ бо бомжҳое ошнои пайдо кард. Хурду хӯрокаш аз ҳисоби партовгоҳҳои пойтахт буд. Оҳиста-оҳиста ба партовхури одат кард. Ба замини сарду сахт ҳам омӯхт гардид.
Зиндагии бемафҳумро ихтиёр намуд. Номашро хам қариб фаромӯш кард. Зеро, атрофиён ба ӯ доимо «эй бомж» гӯён муроҷиат мекарданд. Баъзан мегиристу аз худо илтиҷо мекард, ки зудтар ҷонашро гирад. Қариб ҳар рӯз бо бомжҳои дигар барои кофтани партовгоҳ даст ба гиребон мешуданд. Чун тудаи сагон зиндагони доштанд онҳо. Аз нашустан, бӯйи баданашон бӯйи хари мурдаро ба хотир меовард. Абу ба бадани ифлосаш нигариста, пушаймон мешуд, ки чаро дар вақташ андешаи ояндаи некро накард. Бахту давлаташро пеши по зад. Худо ӯро барои худпарастиаш ҷазо дода, яку якбора ба замин зад. Сазояш ҳаминаст. Имрӯз Абу ба бомж мубаддал гаштааст. Бомж – оворагард, бесоҳиб бе кас. Агар ба каси дорое лозим шавад, бомжҳоро ба ивази як шиша арақ бурда хуб кор мефармояд. Ё агар якеи онҳо дар кӯча мурад ҳам, касе соҳиби намекунад. Кадом рузу соату дақиқае Абуро низ чунин марг пайгир хоҳад шуд. Марги бенишону бемакон. Касе оши фотиҳаи ӯро намехӯраду дуои неке барои руҳу арвоҳаш намехонад. Зиндагӣ даргузар аст, одамизод бояд маргашро ҳамеша андеша намояд. Он вақтҳо Абу ба айшу ишрат банд буду фикри мурданро асло ба хотир намеовард.Гумонаш,ки давлату сарвати дунявӣ човидонист. Агар сармаст намешуд,шояд сарнавишт ба Абу ин қадар ҷабр намекард.Боз ду наврасе сатилҳои партовҳои худро оварда Абуро масхаракунон пеши у холӣ карданду гуфтанд: -Ҳой бомжи гушна, ана ин хурокро ҳам хур. Хориаш омад аз ин таҳкир.

Аммо чи кунад,ки хақиқат талх аст. Бо дидагони ашколуд ахлоттудаи навро кофт. Чанд дона помидори пусидаю мачақро дарёфта ба сумкааш андохту боз партовшоро кофтан гирифт. Калламушҳои калону бадвоҳима низ ҳамроҳаш ризқу рузӣ меҷустанд. Онхо назар ба Абу чолоку боқувваттар буданд. Сумкаашро ба китфаш гирифта,оҳиста-оҳиста Абу ба паноҳгоҳашон омад. Бомжхои дигар ҷамь омада, ризқу рузии ёфтаашонро руйи замин паҳн мекарданд.
Буйи ифлосу ғализи хурокҳои пусида бинои нимвайронаро пахш кард. Абу ҳамроҳашон хурок мехурду оҳ мекашид. Пеши чашмонаш фақат дастархони пурнозу неьмати як вақтхо доштааш хувайдо буд…