Formula novemver 2024
Умедҷон Бурҳонӣ чӣ гуна машҳур шуд?
1130

Умедҷон Бурҳонӣ яке аз сарояндаҳои маҳбуби тоҷик мебошад, ки дилбохта ва фидоии санъат аст. Ӯ аз замони кӯдакиву наврасӣ шефтаи ин соҳа аст. Мехоҳед донед, ки Умедҷон чӣ гуна машҳур шуд? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Умедҷон солҳои зиёдест, ки суруд мехонад, аммо подоши заҳматҳояшро чанд моҳ пеш санъат ба ӯ дод. Яку якбора ду намоҳангаш хеле маъруф шуданд ва тамошобинонаш марзи миллионҳоро гузашт. Ҳарчанд Умедҷон алакай мухлисони хешро дошт, вале бо боварӣ метавон гуфт, ки маҳз ин ду клиптарона Умедҷонро боз ҳама машҳуртар кард.

Умедҷон Бурҳонӣ дар мавриди бозхонии ин клиптаронаҳо чунин гуфтааст:

- Ростӣ, аз замони мактабӣ сурудҳои устод Рустами Қосимро гӯш мекардам. Рӯзе додарам суруди “Чашмони сиёҳ”-ро монд ва пешниҳод кард, ки ҳаминро бозхонӣ кунам. Ман ҳатто ин сурудҳоро дар аввал нашр карданӣ набудам, аммо бо тавсияи дӯстонам ҳамоҳанг карда, пешниҳод намудем. Шукр, ки мардум хуб қабул карданд. Ҳунармандони саршиноси кишвар Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Холмуроди Сиддиқ аввал розӣ нашуданд, ки дар клип нақшофарӣ кунанд. Аммо пас аз он, ки сурудҳоро гӯш карданд, розигӣ доданд.

Ёдовар мешавем, ки Умедҷон дар ҷодаи санъат худомӯзӣ намуда, дар ин соҳа таҳсил накардааст, вале ният дорад маълумоти олии овозхонӣ гирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД