13-уми сентябр Умеди Ҷаҳон - сарояндаи 44-солаи мусиқии попи Эрон, ки дар Тоҷикистон ҳам маҳбубият дошт, ҳангоми иҷрои консерт дучори сактаи қалбӣ шуда, дар бемористон даргузашт. Ӯ аз сарояндагоне буд, ки дар Тоҷикистон ҳам шуҳрат дошт ва аз соли 2014 то соли 2018 дар Душанбе кору зиндагӣ дошт.
Ҳамтақдири падар
Умеди Ҷаҳон зодаи Ободони Эрон буда, фарзанди Маҳмуди Ҷаҳон хонандаи барҷастаи мусиқии Ҷануби Эрон буд. Номи воқеии ӯ Умеди Пулодӣ аст. Ӯ зери таъсири сурудҳои падар ба мусиқӣ рӯ овард. Беш аз 20 сол қабл, фаъолияти ҳунарии ӯ оғоз ёфт. Нахустин албомаш «Писари ҷанубӣ» ӯро машҳур карданд, ҳарчанд ки онҳо ғайрирасмӣ ба нашр расида буданд. Таронаи «Ҳала дон-дон» аз сурудҳои сершунавандааш буд. Ӯ мусиқии маҳаллии ҷанубии Эронрро бо попи муосир омезиш дод ва ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи саҳна табдил ёфт.
Умеди Ҷаҳон дар Эрон солиёни зиёд ба мушкилот дучор буд ва сурудҳову албомҳояш бо душворӣ ва бештар бо маҳдудиятҳои қонунӣ рӯ ба рӯ мешуданд.
Ҳамин аст, ки Умеди Ҷаҳон як муддат дар Арманистону Тоҷикистон зиндагӣ кард. Вале солҳои охир ӯ дар Эрон озодона консерт баргузор мекард ва ҳатто дар “Бурҷи Мелод” – маркази шаҳри Теҳрон барномаи ҳунарӣ дод.
Умеди Ҷаҳон рӯзи 13 сентябр дар вақти консерт дар саҳна дучори сактаи қалб шуд. Мисли падараш. Падараш Маҳмуди Ҷаҳон ҳам дар саҳна вақти иҷрои барномаи ҳунарӣ фавтида буд.
Сафари охирин
Тавре ишора шуд, Умеди Ҷаҳон дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дошт. Аз соли 2014 то соли 2018 дар Душанбе зиндагӣ кард. Дар тарабхонаҳо консертҳо баргузор мекард. Сурудҳояш шунавандаи зиёде доштанд. Ахиран Умеди Ҷаҳон Наврӯзи имсол ба Душанбе омада буд ва дар “Кохи Суруш” бо мухлисонаш рӯ ба рӯ шуд.
Чанд сол қабл Умеди Ҷаҳон бо нашрияи “ОИЛА” мусоҳиба анҷом дода буд, ки бахше аз онро манзури шумо мегардонем.
Мехостам дар Тоҷикистон хона дошта бошам...
- Аксари сарояндаҳои муваффақи Эрон бурун аз марзи кишвар дар Амрико ва дигар давлатҳои мутараққӣ зиндагӣ мекунанд. Мегӯянд дар Эрон суруди эстрадӣ хондан мамнуъ аст. Ба шумо чӣ тур муяссар мегардад, ки чунин таронаҳоро дар давлати исломӣ сароед? Магар сари шумо фишор намеоранд?
- Ба шумо маълумоти ғалат додаанд. Дар Эрони мо суруд хондан манъ нест, аммо клипҳои аз доираи одоби ислом берун мамнуъ аст. Ман худро берун аз Эрон ҳеҷ тасаввур карда наметавонам. Магар метавон гулгашти Мусаллоро бо Амрико ё ягон гӯшаи дигари дунё иваз кард? Ҳеҷ гоҳ! Ман эронӣ ҳастам ва дар Эрон хоҳам фавтид. Маро касеву чизе аз ин хоки муқаддас берун нахоҳад кард. Кулли дороии дунёро ба як қатра оби Шероз иваз намекунам!
- Аммо ман шунидам, ки шумо барои ҳамешагӣ ба Тоҷикистони мо кӯч мебандед?
- Қурбонатон, шумо, мардуми тоҷик барои Умед хоҳару бародар ҳастед. Инро на ба он хотир мегӯям, ки худро ба чашми тоҷикон некхоҳ ва ошиқ нишон диҳам, балки воқеан ман шайдои ин мардуми меҳмондӯст ҳастам. Ҳар боре, ки ба Тоҷикистон меоям, хонаводаи Бохтарӣ маро мисли фарзанд қабул мекунанд. Пас, чӣ гуна метавон ба ин диёру ба мардуми меҳмоннавозаш дил набаст?! Дар ҳақиқат замоне мехостам дар Тоҷикистон як манзил дошта бошам, аммо баъд маълум шуд, ки ин кори серташвиш аст. Эрон ва Тоҷикистон шартномаи душаҳрвандӣ надоранд ва ман наметавонам якбора сокини ду кишвар бошам, аммо боке нест. Тоҷикистон ҳамагӣ саройи Умеди Ҷаҳон аст. Ба ҳар хонае, ки биравам, маро бо ҷону дил қабул хоҳанд кард.
- Мегӯянд шумо мухлиси сарояндаи зиндаёди тоҷик Муборакшоҳ ҳастед…?
- Оҳ Муборакшоҳ! Вақте бори аввал сурудашро шунидам, чунон мутаассир гаштам, ки аз дидагонам ашк равона шуд. Вақте бобати маргаш фаҳмидам, бештар гиристам, ки чунин нобиға ба ин барвақтӣ ин дунёи фониро тарк гуфтааст. Муборакшоҳ зинда мебуд, шуҳрати эстрадаи тоҷик ба офоқ мерасид! Аслан дар ҳаёт хеле кам во мехӯрад, сарояндае мухлиси сарояндаи дигар бошад, аммо ҳамакнун Умеди эронӣ ошиқу шайдо ва мухлиси ашаддии Муборакшоҳи нотакрори тоҷик аст. Ман пеши ҳунару санъати нотакрори ин сарояндаи шаҳир сари таъзим фуруд меорам. Эй кош қудрате мешуд, ки офаридгор бо лобаву зории инсоне як инсони дигарро дубора зинда мекард, он гоҳ Умед аз Худо илтиҷо мекард, ки Муборакшоҳро дубора зинда гардонад, то ҳамроҳаш суруд бихонад, аммо ҳайҳот. Рафтагон бозпас намегарданд. Муборакшоҳ рафту бо худ як дунёи зебои таронаю суруд ва ишқу муҳаббатро бурд.
- Хуш ба ҳоли ҳамон азизи рафтае, ки ношиносе барояш афсӯс хӯрда, ин қадар бо афсӯсу надомат ашки ҳасрат мерезад!
- Муборакшоҳ ба хун гиристан меарзад. Дили мане, ки баъди чандин соли маргаш бо эҷодиёташ ошно гардидаам, то ҳол пурхун аст. Афсӯс намедонам аз ӯ фарзанде ба ёдгор монда ё не, агар мебуд, шояд ба хотири руҳи поки падараш ҳамроҳи Умеди Ҷаҳон як сурудаке мехонд!
- Муборакшоҳ писари соҳибҳунаре дорад, ки натанҳо давомдиҳандаи умри падар, балки давомдиҳандаи касби ӯст.
- Қурбонатон, чӣ қадар хабари хушеро боҳом расондед! Умедворам, ки дар сафари навбатӣ ба дидораш мушарраф бигардам.
- Шунидам, ки нияти кули сурудаҳои Муборакшоҳро бозхонӣ кардан доред?
-Оре, ин тасмимам қатъист.
- Шумо бо Суҳроби Сафарзод ҳам ошноӣ доштед?
- Муини Тоҷикистон? Бале, хеле садошу дӯст медоштам. Вақте шунидам, ки дар кишвари шумо як ҷавонаке ҳаст, ки садош ба садои Муин хеле шабоҳат дорад, бовар накардам, аммо баъди шунидани оҳангҳош ба бузургии санъати тоҷик қоил шудам. Воқеан ҳам шумо сарояндаҳои сарӣ зиёд доред, вале бадбахтона аксари эшон дар айни камолот рахти сафари охират бастаанд. Яке аз эшон ҳамин Суҳроб аст. Аҷаб ҷавони соҳибистеъдод, аммо ҳамакнун зери хок. Ёдаш ба хайр бод! Ман дорам суруди «Гуландом»-и Суҳробро копихонӣ мекунам. Шояд мисли худиш ин қадр ширин нахонам, аммо ба хотири шод намудани руҳи поки он ҳунарманди ҷавонмарг сурудашро бозхонӣ мекунам.
- Аз мусиқии суннатии мо, шашмақому фалак то чӣ андоза огаҳӣ доред?
- Ман пеши ҳунари шашмақомсароёни шумо сари таъзим фуруд меорам. Ин қадар заҳмат мекашанд, ман то ҳол чунин тембри баланди овозро ҷое нашунида будам. Аҳсан ба устодони азизи шашмақомсаро! Фалак ҳам гӯш кардам. Мехом бо ягон фалаксарои хуби тоҷик фалаки даштӣ бихонам. Албатта ман аз фалак дур ҳастам, аммо ишқи он дар қалбам маъво гирифтаю давое ҷуз хондани оҳанге аз фалак надорад.
- Интизори фалаки тоҷикии Умед шавем?
- Бале, ҳатман!
- Ин дафъа ба Тоҷикистон бо чӣ дастовезе меҳмон мешавед?
- Албатта бо сурудҳои Муборакшоҳ ва агар вақт даст диҳад, як фалакӣ ҳам меорам. Ба гумонам фалакиро бо маслиҳату машварат бо устодони фалаксарои тоҷик бихонам. Намехоҳам чунин кори ҷиддиро сарсарӣ ба анҷом расонам.
Таҳияи СИПЕҲР