Formula novemver 2024
Умедамро аз зиндагӣ канда будам
2145

 

Дигар на мадори хестан доштаму на мадори роҳгаштан. Вуҷудам дар ҳарорати баланд месухт, доруҳои зидди ҳароратбаландӣ истеъмол мекардам, аммо охирин вақтҳшо дигар онҳо бетаъсир шуда буданд. Ранги пустам тағйир ёфт. Тамоми қувватамро аз даст дода будам ва ба қавли мардум умедамро аз зиндагӣ ба пуррагӣ канда будам.”

Ӯ яке аз нафаронест, ки бо вируси норасогии масъунияти одам зиндагӣ мекунад ва имрӯзҳо оилаи ғамхору фарзандони дӯстрӯяку солим дорад ва минатдор аст аз ҳукумати Тоҷикистон, ки маҳз бо таъмини доруҳои ройгону ҷалб кардан ба табобат муолиҷа гирифту ба зиндагии дубора баргашт.

Ба хотири вирусам аз хонаашон пешам карданд

“Фасли тирамоҳи соли 2005 ҳамагӣ 23 сол доштам. Гоҳҳо баданам хунуку гоҳи дигар гарм мешуд. Фирк мекарадм, ки якбора тағйир ёфтани ҳаво ба ман таъсир кардааст, мегузарад гӯён дору ҳам истеъмол намекардам. Он вақт муҷаррад будам ва гоҳҳо аз маводҳои муходир истифода мебурдам”, ҳамсуҳбати мо аз марҳилаҳои аввали бемориаш чунин ёдоварӣ кард.

Он солҳо алакай падару модарам аз дунё гузашта буданду дар хонаи амакам зиндагӣ мекардам. Оҳиста-оҳиста вазъи саломатиам бад шудан гирифту ҳолатамро пайвандонам дида, маҷбуран маро ба духтур бурданд. Вақте аз ташхис гузаштам, дар хуни ман вируси норасоии масъунияти одамро пайдо карданд. Ман дигар намедонистам, дар замин роҳ мегардам ё болои осмон будам. Тамоми равашаниҳо дар назарам торик шуда буданд.

Амакам вақте бемории маро фаҳмид, аз хонааш пеш кард. Ҷои рафтан надоштам, дар таби баланд вуҷудам месӯхт, касе набуд кумакам кунад. Дар интизори марг будам ва аз Худо илтиҷо мекардам, ки ҷонамро ҳарчӣ зудтар бигирад. Ҳеҷ дар гӯшаи хаёлам намеомад, ки рӯзе болои ду поям рост мешавам...

стопстигма (2)

Огоҳ кардам, ки вирус дорам, аммо...

Дар хотирам ҳаст, ки вақте табам баланд буду аз бемодорӣ рӯи роҳрав мехобидам, як ҷавонзан омаду маро аз ҷоям хезониданӣ шуд, аммо гуфтам, ки наметавонам. Маро бо азобе ба беморхона расониданду талаб каданд, ки маротаҳти азорат бигиранд. Ба хотири поин овардани ҳарорати баданам ҳамшира хост сӯзандору гузаронад, аммо ман талаб кардам, ки чаро бедастпушак сӯзандору гузаронданӣ ҳастӣ. Вақте аз ман пурсид, ки чаро чунин талаб дорам, огоҳаш кардам, ки дар хуни ман вирус аст ва худатро эҳтиёт кун.

Ба ин ин суханам чӣ шуру ғавғое бархост ва ҳатто ҳамон ҷавонзане, ки маро ба беморхона оварда буд, занг зада гуфтанд, ки биё бемори овардаатро аз беморхонаи мо бубар.

 

Ҳамон зан омаду маро аз беморхона бурд. Мо ҷое рафтем, ки ҳамтақдиронам зиёд буданд. Ҳамроҳи ман даҳ нафари дигар, ки занҳо низ буданд, ба беморхонаи сироятии шаҳр бурданду дубора муоина карданд, вируси ман дар марҳилаи чорум буд, дар хотирам ҳаст, ки моҳи феврали соли 2006 буд. Табобатро оғоз кардам.

Дар як рӯз ду борӣ панҷ донаи доруҳои гуногун мехӯрдам. Чӣ қадар мушкил буд. Тақрибан баъд аз як моҳи истеъмоли доруҳо саломатиам дигар шудан гирифт, яъне бо таъсири доруҳо дубора ба зиндагӣ баргаштам...

ВНМО танҳо бо 3 роҳ сироят мекунад

  • 1. Тавассути хун ва маводҳои хун
  • 2. Аз модари сироятёфта ба кӯдак.
  • 3. Бо воситаи алоқаи ҷинсӣ.

Вируси мазкур бо бӯса кардан, оғӯш гиририфтан, истифодаи саҷоқ ва ҳамоми умумӣ, истифода бурдан аз як косаву табақ ва пиёлаву чойник сироят намекунад!

ВНМО (2) 

Қонун дар кадом ҳолат ба ҷавобгарӣ мекашад?

 

Вобаст ба масоили ВНМО, зиёда аз 60 санади меъёри ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар кишвар амал мекунанд.

Тибқи моддаи 125 қисмҳои 1,2,3 “Сироят кардан бо ВНМО” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зери хавф гузоштан ва ё сироят намудан ба ВНМО ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.

Дар асоси моддаи 119-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои саркашӣ кардан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикии ВНМО ва дигар бемориҳои сирояткунанда сарфи назар аз огоҳии мақомоти тиббӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Аз тарафи шахси мубталои бемориҳои ВНМО, бемориҳои сирояткунанда, инчунин шахсони бо ӯ алоқадошта пинҳон доштани манбаи сироят, ки хавфи ба ин беморӣ сироят карданро ба вуҷуд меорад, дар асоси Моддаи 120-и кодекси мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

КОДЕКСИ ЧИНОЯТИ

Дар Тоҷикистон соли 1991 якумин маротиба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст ва аз ҳамон сол инҷониб дар кишвари мо Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам амал мекунад.

Абдулллозода

“Аз 130 нафар зани ҳомилаи бо вирус зиндагикунанда, нисабти 14 нафари онҳо исқоти ҳамл гузаронда шуд. Дар айни замон 94 зани ҳомилаи сирояти ВНМО зери назорати антенаталӣ қарор доранд. Дар ин марҳила ҳамагӣ 305 кӯдаке, ки аз модарони бо вирус зиндагикунанда таваллуд шудаанд, то 18 моҳагӣ таҳти назорати мутахассисон қарор доранд", гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ, дар нишасти хабарии нимсолаи аввал.

Тибқи омори Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда 10 488, ки аз он 1085 кӯдакон ташкил мекунанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 548 нафар аз ташхиси ВНМО гузаштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД